РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

4

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. имрӯз (24.12.2024) бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикстон гурӯҳи устодони факултети химияи ДМТ бо роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМТ Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо бо гурӯҳи устодони Донишгоҳи химико-технологии Ивановаи ФР суҳбати маҷозӣ (онлайнӣ) оид ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва тавсеаи онҳо суҳбат намуданд.

Аз ҷониби Донишгоҳи химико-технологии Ивановаи ФР иштирок доштанд: Гущин Андрей Андреевич, д.и.х., профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Захаров Олег Николаевич, н.и.т., дотсент, муовини ректор оид ба сиёсати ҷавонон ва робита бо ҷомеа, Усачева Татьяна Рудольфовна, д.и.х., дотсент, мудири кафедраи технологияи умумии химиявӣ, Одинцова Ольга Ивановна, д.и.х., профессор, мудири кафедраи технологияи маводҳои нахӣ, Липин Андрей Андреевич, д.и.т., дотсент, мудири кафедраи равандҳо, дастгоҳҳо ва технологияи химиявӣ, Березин Дмитрий Борисович, д.и.х., профессори кафедраи химияи органикӣ, Шутова Светлана Евгеньевна, сардори раёсати таълимию методӣ, Абрамова Елена Анатольевна, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ.