КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТУЛБИ ҶОМЕА

6

Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия ҳамчун як зуҳуроти манфии иҷтимоиест, ки метавонад ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсири манфии худро расонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин зуҳурот ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки таъсири манфии он ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар ва зиндагии шаҳрвандон расида истодааст.

Ҳамин аст, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашудаи ваколатдор дар самти мазкур таъсис дода шудааст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, то ин муддат се санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо фармони Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 августи соли 2021, №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст.

Коррупсия, ба таври умум, ба амалҳои ғайриқонунии истифодаи мақом ва мансаб барои манфиатҳои шахсӣ гуфта мешавад. Он метавонад дар шаклҳои гуногуни ришва, пинҳон кардани маълумот, бархурди манфиатҳо ва дигар амалҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ ба вуқуъ пайвандад. Тибқи маълумотҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коррупсия ба хусус дар соҳаҳои заминдорӣ, тандурустӣ, маориф, корҳои давлатӣ, низомҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон ба назар мерасад. Тибқи маълумотҳои Агентии мазкур Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо коррупсия як қатор санадҳое аз ҷониби ин ниҳод қабул шудааст, ки барои паст кардани шиддати ин зуҳурот замина мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз замонҳои аввали ба даст овардани сулҳи комил бо имзо кардани чандин қарору барномаҳо, созишномаву протоколҳо ва қонуну стратегияҳо ба шеваи ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо коррупсия шуруъ кард.

Якҷоя бо мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва бахши хусусӣ ҳамкории бештар дар мубориза бо коррупсия аз самтҳои афзалиятноки пешгирӣ ва мубориза бо ин падида ба ҳисоб меравад. Коррупсия дар Тоҷикистон як мушкилот мебошад, ки барои давлат ва ҷомеа мусибатҳо эҷод мекунад. Барои рафъи он, Ҳукумати мамлакат тадбирҳои бештарро бо роҳи татбиқи қонуну стратегияҳо андешидааст. Коррупсия як проблемаест, ки метавонад ба тамоми ҷомеа ва таърихи сиёсии кишвар таъсири манфӣ расонад. Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як масъулияти бузург барои давлат ва тамоми ҷузъҳои ҷомеа аст. Умедвор ҳастем, ки бо амалигардонии тадбирҳои муассир аз ҷониби мақомотҳои марбутаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи коррупсия кам ё аз байн бурда шуда, барои рушди устувор ва пешрафтҳои иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам карда мешавад.

Файзуллозода Э.Ф.,декани факултети химияи ДМТ