ШИОРАШ ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ

27

Бахту давлат, ки пешкори туанд,

Нусрату фатҳ пешёри туанд.

Рӯдакӣ

Дар ҳақиқат Офаридгор бахту давлатро насиби он бандагонаш мегардонад, ки онҳо пайваста ҳаёти хешро ба роҳи рост мепайванданд ва дар зиндагӣ соҳиби эҳтироми аҳли ҷомеа мегарданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Раҷабов Тоҷиддин Раҷабович аз зумраи чунин шахсиятҳоанд ва умри пурбаракати хешро барои хизмати халқу ватан сипарӣ менамоянд. Дарвоқеъ, кам ашхосеро метавон пайдо кард, ки пайваста дар пайи ғамхории инсонҳо умри хешро сипарӣ намояд. Зиндагиномаи устод Раҷабов Т.Р. бою рангин ва пандомез буда, барои наслҳои имрӯзу фардо метавонад намунаи ибрат бошад.

Раҷабов Тоҷиддин Раҷабович 14 ноябри соли 1954 дар деҳаи зебоманзари Қиблаии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мавсуф мактаби миёнаи деҳаи худро бо баҳои хубу аъло хатм карда, соли 1975 ба факултаи кимиёи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад, чунки ӯ дар айёми таҳсил дар мактаб ба илми кимиё шавқу рағбати беандоза дошт. Номбурда соли 1980 донишгоҳи мазкурро бомуваффақият хатм намуда, корро дар факултети кимиё ба ҳайси дастёри калон (лаборанти калон) оғоз менамояд. Азбаски Раҷабов Т.Р. ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ шавқу ҳаваси бисёр дошт, ҳамеша дар пайи боз ҳам амиқтар омӯхтани илми кимиё кӯшиш менамуд. Азбаски дар он замонҳо шароити кори илмӣ дар факултети кимиё ба дараҷаи зарурӣ набуд, бинобар ҳамин лозим меомад, ки ба марказҳои бонуфузи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, пажӯҳишҳои илмиро анҷом диҳанд. Чунин имконият соли 1985 фароҳам омад ва Раҷабов Т.Р. ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантураи яке аз марказҳои илмии бузурги даврони Шӯравӣ – Донишкадаи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленингради (ҳоло Санкт-Петербург) Федератсияи Россия супорида, дар он ҷо ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешавад. Албатта, дар он замон барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ талабот хеле ҷиддӣ буд ва барои ин Раҷабов Т.Р., то нимашабҳо ва ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ супоришҳои аз ҷониби роҳбари илмӣ додашударо сарбаландона иҷро менамуд. Чунин заҳматҳои шабонарӯзӣ ба аспирант Раҷабов Т.Р. имкон дод, ки дар муддати се сол кори илмиашро ҷамъбаст намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои кимиё гардад. Дар омади гап ҳаминро ёдовар мешавем, ки чунин таҳқиқоти сатҳи ҷаҳониро иҷро кардан ба як нафар хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси ифтихори на танҳо муҳаққиқ, балки устодону кормандони факулта ва Донишгоҳ низ буд.

Устод Раҷабов Т.Р. сарбаландона ба ватан баргашта, корро дар кафедраи кимиёи ғайриузвии факултаи кимиёи ДМТ идома медиҳад ва соли 1992 соҳиби унвони илмии дотсент мегардад.

Албатта, пас аз ошноӣ бо чунин марказҳои илмии замонавӣ устод Раҷабов Т.Р. дар дил орзӯи бунёди як чунин озмоишгоҳи илмии замонавиро мепарварид. Хушбахтона, барои олими ҷавон як утоқи ноободро ҷудо мекунанд. Номбурда бо талошу кӯшишҳои зиёд ин утоқи кориро таъмиру тармим намуда, як озмоишгоҳи замонавиро бунёд менамояд ва ин озмоишгоҳ то ҳол фаъолият дорад.

Давраи фаъолияти кории устод Раҷабов Т.Р. ба як давраи ҳассоси ҷамъиятӣ – пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Бахусус, дар ин давра ба ҳайси роҳбари дараҷаҳои гуногуни муассисаҳои давлатӣ кори осон набуд. Маҳз дар ҳамин давра вазифаи муовини декани факултаи кимиёро ба ӯҳдаи устод Раҷабов Т.Р. вогузор мекунанд. Насли калони Донишгоҳ дар ёд доранд, ки дар ин давраҳои бесарусомонӣ камонбадастон омада, ба устодон таҳдидҳо мекарданд. Боиси таассуф аст, ки баъзе кормандон аз пайи вайрон кардани асбобу таҷҳизотҳои нодири Донишгоҳ шуданд ва бисёр асбобҳоро хароб карданд.

Дар ин давра дар бисёр мавридҳо устод Раҷабов Т.Р. ба ин гурӯҳҳо муқовимат нишон медоданд…

Солҳои 2006-2007 устод Раҷабов Т.Р. дар вазифаи декани факултети химия кору фаъолият намуда, барои ободонии он хизмати намоёнро апҷом доданд. Дар муддати роҳбарии Раҷабов Т.Р. дар факултет тартибу интизом, талабот нисбати коргузорӣ, таълим, тарбия ва ҳаракати донишҷӯён хеле ҷиддӣ буда, дар ин давра компютерҳои синфхонаи компютерии факулта пурра ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст шуданд. Устод Раҷабов Т.Р. бо қобилияти ташкилотчигии худ тавонистанд, аз корхонаҳои истеҳсолии кишвар мавод ва зарфҳои химиявӣ харидорӣ намуда, баззаи моддиву техникии факултетро мустаҳкамтар намоянд. Дар ин давра тамоми системаи ҳавокаши факулта таъмираш оғоз шуда, факулта ба таври доимӣ бо об таъмин карда шуд. Азбаски номбурда дар як замон вазифаи масъули раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳро ба ӯҳда доштанд, бинобар ин вазифаи деканиро супориданд.

Тайи солиёни зиёд устод Раҷабов Т.Р. ҳамчун раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳ корҳои хеле зиёдро анҷом доданд. Номбурда барои ҳифзи ҳуқуқи устодону кормандо пайваста талош меварзанд ва барои таъмини шароити кории хуб барои онҳо дар назди роҳбарияти Донишгоҳ вазифагузорӣ мекунанд. Бастани шартномаҳои коллективӣ байни устодону кормандон ва роҳбарияти Донишгоҳ, ба истироҳатгоҳҳо пайваста фиристодани устодону кормандон, ҳимояи кормандон ҳангоми ғайриқонунӣ ҷазо додан ва монанди инҳоро метавон ёдовар шуд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи устод Раҷабов Т.Р. ба роҳ монда шуданд.

Раҷабов Т.Р. пеш аз ҳама устод ҳастанд ва то имрӯз ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Дар баробари корҳои роҳбарӣ номбурда муаллифи як қатор мақолаю фишурдаи мақолаҳо, дастурҳои методӣ ва воситаҳои таълимӣ мебошанд.

Устод Раҷабов Т.Р. аъзои раёсат ва Шурои олимони ДМТ, раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ мебошанд. Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ (солҳои 1990-1994), вакили Анҷумани XI Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ (соли 2007), вакили Анҷумани МОП дар ш.Москва (соли 2008), вакили Анҷумани 12-уми Иттифоқҳои касаба (соли 2014). Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ордени «Шараф дараҷаи II», Нишони “Корманди ифтихорӣ”-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ, ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ, ВКП, ДМТ ва сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҶТ, ифтихорномаҳои ДМТ ва вазорати маориф ва илми ҶТ мебошад.

Шиори зиндагии устод Раҷабов Т.Р. пайваста ба халқ хизмат кардан мебошад.

Имрӯзҳо, ки устоди азизу гиромиқадр Раҷабов Тоҷиддин Раҷабович ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд, аз номи ҳайати устодону кормандони факултаи кимиё эшонро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд тани сиҳату саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушии рӯзгор ва офияти комилро таманно менамоем.

Каримзода М.Б., Файзуллозода Э.Ф., Бекназарова Н.С., устодони факултети химияи ДМТ