ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ВАСИЛАЕСТ БАРОИ РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКИИ ҶОМЕА

37

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, солҳои 2020-2040- ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд, зеро маҳз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд. Пешрафти ҳар давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамояд ва ҷойгоҳашро қавӣ мегардонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори созандаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаю технологияи нав, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав ба рушди соҳаи мазкур такони ҷиддӣ дода, ин ибтикоротро ҳаводорони соҳа бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Ин ташаббусҳо ҳамчун дастури роҳнамо ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аҳли илми кишвар, аз ҷумла дӯстдорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ, қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди илми ватанӣ, ташаккули тафакури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва болоравии маърифати мардуми кишвар пазируфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба илму инноватсия дар чандин баромадҳои худ қайд намудаанд: имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Давоми 4 сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар кишвари азизамон-Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Тибқи Низомномаи озмуни мазкур дар озмун ба истиснои докторони илму, профессорон ва академикон (дар соли 2-юм), тамоми аҳолии кишвар новобаста аз синну солашон иштирок карда метавонанд, ки ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ҳамчунин муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (зинаҳои таҳсили бакалавриат ва магистратура) ва боқӣ тамоми хоҳишмандон аз теъдоди унвонҷӯёну аспирантон, докторантони намудҳои гуногуни таҳсил, кормандон, ҳунармандон ва умуман онҳое, ки мехоҳанд дастовардҳо, ихтироот, навовариҳо ва дониши худро дар соҳаи илмҳои дақиқу техникӣ ва риёзиву табиатшиносӣ муаррифӣ намоянд. Озмун аз рӯйи 7 номинатсия дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мегардад: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ. Тибқи Низомнома Озмун дар 4 давр баргузор мегардад: апрел (даври якум), май (даври дуюм), сентябр (даври сеюм) ва октябр (даври чорум-ҷамъбастӣ).

Тибқи маълумотҳои омории Озмуни мазкур дар соли 2024, байни зиёда аз 4424 муассисаҳои таҳсилоти таълимӣ ва илмӣ дар даври якум бо фарогирии ҳудудан 200 ҳазор нафар иштирок намуданд. Ба даври 2-юм, яъне ноҳиявӣ тибқи талаботи Низомнома 44 240 нафар пешниҳод шуданд, аз ин 4 340 нафар ғолиб баромада ба даври сеюм (вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанбе) роҳхат гирифтанд. Тибқи банди 48-и Низомномаи Озмун “иштирокчиёни даври чорум, яъне ғолибони даври сеюм ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд”. Ба даври ҷумҳуриявӣ бошад зиёда аз 600 нафар ғолиби даври сеюм пешниҳод карда шуд, ки аз ин 80 нафараш дар номинатсияи химия мебошад.

Мақсад аз пешниҳоди ин маълумотҳо дар он аст, ки агар дар давоми 4 соли баргузории Озмуни мазкур зиёда аз 500 нафарӣ (агар танҳо ғолибони даври сеюм ва иштирокчиёни даври чорумро баинобат гирем), ҷамъ 2 ҳазор нафар, иштирокчиёне бошанд, ки аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле маълумотҳои хубро аз худ намуда бошанд ва хоҳишманди кору фаъолият ва таҳсил дар самти мазкурро дошта бошанд, ин як бурди калон барои татбиқи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Албаттакӣ бо баргузории пайвастаи ин озмун мо дар ояндаи наздик як ҷомеаи аз лиҳози техникиву иқтисодӣ ва илмӣ хеле пешрафтаро бунёд хоҳем кард.

Файзуллозода Эркин Фатҳулло-номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи ДМТ