КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

47

Дар ҷомеаи демократӣ зистан чунини маъно дорад, ки новобаста аз мавқеи гуногунандешӣ эҳтиром ва андешаҳои худро танҳо ва танҳо барои давлату миллат бидуни ягон зарар ва зиён ба он, иброз намудан лозим аст.

Амалҳои коррупсионӣ як солу ду сол набуда дар давраҳои гуногун, ки исботкунандаи таърихӣ доранд, ба вуҷуд омадааст ва барои пешгирии омилҳои он меъёрҳои махсус ҷорӣ гардида буд. Аз ҷумла, дар қонунҳои Рими қадим коррупсияро ҳамчун вайронкунии ғайриқонунӣ нисбат ба шахсони хизматгор меҳисобанд. Бояд қайд намоем, ки коррупсия ва мубориза бар зидди он дар ҷаҳон аз гузашта то ба ҳол яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Дар даврони муосир низ ниҳодҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил шуда дар ин самт фаъолият мекунанд. Имрӯз дар давлати мо ва умуман дар тамоми ҷаҳон мақомотҳои дахлдор мавҷуданд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди ин амалҳои номатлуб пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки амалҳои нанговари коррупсионӣ ба амал наояд. Ҳангоми даст ба коррупсия задан аз тарафи шахсони дахлдор ҷазои ҳуқуқӣ муайян шудааст.

Мутаасифона коррупсия ва амалҳои номатлуби он яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад.

Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкид намуда буданд: «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад».

Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Пораву тамаъҷӯи ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки дар қиёс бо терроризму экстремизм зишттару хатарнок аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карданашон ба коррупсия даст зада (пинҳонкорона) ба пояи давлату миллат теша мезананд.

Аз таъқидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дури ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунем ва чун шаҳрванди ватандӯст ба сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зидди коррупсиониро ба амал орем.

Ашуров С.Ғ., Қодиров М.З., устодони кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ