МУАЛЛИМАИ СОҲИБЭҲТИРОМ

49

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Аълочии маорифи халқ, дорандаи медали «Хизмати Шоиста», собиқаидори меҳнат Ваҳобова Ранохон 30-юми июли соли 1937 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба дунё омада, дар мактаби миёнаи №20 ба номи А.С. Пушкин шаҳри Душанбе таҳсил ва соли 1954 ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шудааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ соли 1959 ба шаҳри Душанбе баргашта, мувофиқи тақсимот ба Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳи «Геохимия ва химияи аналитикӣ» бо роҳбарии н.и.х. С.М. Баситова фаъолияти илмии худро оғоз намудааст. Дар Институти химия аз вазифаи лаборантӣсар карда,то вазифаи ходими калони илмӣ ва котиби илмӣ дар Институти мазкур фаъолият намудааст. Аз соли 1962 то 1964 дар аспирантураи Институти геохимия ва химияи аналитикии ба номи Вернадскийи шаҳри Москва таҳсил намудааст. Рисолаи номзадиашро соли 1967 дар Институти номбаршуда ҳимоя намуда, баъди хатми аспирантура дар озмоишгоҳи «Геохимия ва химияи аналитикии Институти химия» бо роҳбарии профессор Почоҷонов Д.Н. кор кардааст. Соли 1970 ба таври гузариш ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) гузаштааст.

Аз соли 1970 то 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар кардааст. Бояд қайд намуд, ки ин зани донишманд 24 сол роҳбарии кафедраи химияи таҳлилиро ба уҳда дошт. Дар ин солҳо дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона пеш мерафт. Барои муваффақиятҳо дар самтҳои номбурдашуда кафедра борҳо сазовори ҷойҳои аввал ва намоён ишғол менамуд. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар саноат ва озмоишгоҳҳои Институти химия татбиқ мешуд.

Ваҳобова Р.У. муаллифи 270 мақолаи илмиву фишурдаҳои мақолаҳо, 7 ихтироот, 6 китоби дарсӣ ва 4 дастури методӣ мебошад. Аз соли 2019 то ҳол муаллима Ваҳобова Р.У. дар ҳалқаи пайвандон даврони пирӣ меронанд.

Дар муддати 20 сол муаллима Ваҳобова Р.У. роҳбари илмии корҳои шартномавӣ бо Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 1987 муаллима Ваҳобова Р.У. барои «Коркарди технологияии ҳосилкунии алюминии махсусан тоза ОСЧ-18-4» бо Ҷоизаи давлатӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мукофонида шудааст.

Мувофиқи шартномаи ҳамкории эҷодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Озмоишгоҳи геохимия ва химияи аналитикии Институти ҳимияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллима Ваҳобова Р.У. бо роҳбарии академик Почоҷонов Д.Н. таҳқиқоти илмии коркарди муайянкунии як қатор элементҳо, ба монанди молибден, волфрам, рений, мис, сурб, висмут, сурма, кадмий, руҳ, нуқра, стронсий ва ғ., элементҳое, ки дар муҳити атроф ҳастанд, ҷинсҳои кӯҳӣ,хок ва маводи техникӣ таҳлилҳо гузаронидаанд. Муаллима Ваҳобова Р.У. дар корҳои ҷамъиятии факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ба ҳайси аъзои раёсати Кумитаи иттифоқи касаба, раиси иттифоқи касабаи факултет, вакили Съезди ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба, роҳбари ҷамъияти илмии донишҷӯён интихоб ва кор карааст. Муддати 12 сол роҳбари сексияи «Химия»-и Академияи хурди илмҳои назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд. Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва тайёр намудани мутахассисон ба чунин мукофотҳои давлатӣ ноил гаштааст: Медали «Хизматимати Шоиста ҶТ», «Аълочии маорифи халқ»-и Вазорати маориф ва илм, «Собиқадори меҳнат», «Нишони мактабҳои олӣ ва ССО»-и Вазорати маорифи Иттиҳоди Шуравӣ, инчунин, аъзои кореспонденти Академияи байналхалқии муҳандисии ҶТ.

Мо, шогирдон муаллимаи гиромиро ба муносибати Иди омӯзгорон сидқан шодбош гуфта, барояшон зиндагии осуда ва саломатии комилро орзумандем!

Бо эҳтиром, Ҳамзаева Г.Ч., Норова М.Т., устодони кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ