НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ИНТИХОБИ КАСБ

133

Итминони комил дорем, ки бо захираи бузурги зеҳнии ҷомеаи худ, ки қисмати асосии онро муаллимону устодон ва зиёниёни соҳаи маориф ташкил медиҳанд, мо аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии хеш мебароем ва барои ояндаи Ватану миллатамон номи сазовору арзанда, дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандӯсту худогоҳ ва ворисону созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия карда ба воя мерасонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Агар дар ҷоҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Касб ва интихоби он аз муҳимтарин аҳдофест, ки ҳангоми интихоби дурусти он дар овони кудакӣ ва наврасӣ, метавонад ояндаи ҳар як шахсро равшану мунаввар намояд. Шахс, вақте ки ин ва ё он касберо интихоб менамояд, бояд аввал андеша кунад, ки касби интихоб кардааш, чӣ нафъ расонида метавонад, пеш аз ҳама барои худаш, аҳли оилаааш ва ҷамъияту давлат ва худи ў оё метавонад аз уҳдаи фарогирии касби интихобнамудааш барояд.

Мутаасифона солҳои охир бисёр ба назар мерасад, ки наврасону ҷавонони мо ин ва ё он касбро аз рӯйи шавқу ҳавас ва истеъдоди худ мақсаднок интихоб накарда, бо таъсири дигар омилҳову шахсон ноогоҳона интихоб мекунанд. Баъзан дар бораи касби худ тасаввуроти аниқҳам надоранд, ки ин боиси таассуф буда, барои ин гуна шахсонро ҳамчун мутахассиси баландихтисос омода намудан дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ омӯзгорон мушкилот ва ранҷи зиёд мекашанд.

Яке аз муваффақиятҳои солҳои пеш дар он буд, ки аксар волидон ва хонандагон маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои омӯзгорон ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд, вале мутаасифона ҳоло вазъ қариб ки ин гуна нест. Омўзгор дар ҳақиат муҳандиси рӯҳу равони хонанда буда, ӯ метавонад дар бораи интихоби ихтисосу роҳи ояндаи хонанда маслиҳату хулосаи аниқ ва дақиқ диҳад. Ҳамин тавр касби омӯзгорӣ касбест, ки ба инсон ҳаётро меомӯзонад, зиндагиро ёд медиҳад, яъне инсонро ба ҳаёт ва зиндагӣ омода менамояд. Бузургони тоҷику форс муаллимро ҷилодиҳандаи рӯҳи инсон гуфтаанд. Дар асарҳои худ аз ин тоифа инсонҳо ситоиш намудаанд.

Масалан, дар «Футувватномаи султонӣ», ки пурарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад, аз ҷумла омадааст: ҳамон кас пири комил, яъне омӯзгори ҳақиқӣ эътироф мегардад, ки агар шарту меъëрҳои ин касбро донад ва дар худ ташаккул дода бошад. Кошифӣ инчунин ба мавқеи устод (муаллим) дар ҳаёти ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ ва тарбияи насли наврас андешаҳои воло гуфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бе бунëд бошад. Агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеҷ устоде) ба устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунëд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе, беҳтар аз устод нест.

Инчунин, Камолиддини Биноӣ насли ҷавонро даъват мекунад, ки омӯзгор-устодро азиз доранд ва ҳурмату эҳтиром намоянд. Касе, ки устоди худро ҳурмат намекунад, ӯ дар зиндагӣ ба ҷойе намерасад. Биноӣ ҳурмати устодро дар ҷойи аввал мегузошт ва эҳтироми ӯро нисбат ба падар афзалтар мешуморад ва дар ин бора мегӯяд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Дар замони худ Сайидои Насафӣ ҳам вазифаи муаллимро баланд бардоштааст. Инкишофи тамоми сифатҳои неки инсонӣ дар шогирдон маҳз зери роҳбарии бевоситаи тарбиядиҳанда ба амал меояд. Агар хонандаро омӯзгор замони таҳсилаш дар мактаб аз таҳти дил таълиму тарбия диҳад, ӯ бе шубҳа дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва шахси баландмартаба мегардад. Сайидо дар бораи он ки ҳеҷ кас бе роҳбарии мураббӣ одами комил ва боэътибори ҷамъият шуда наметавонад, чунин навиштааст:

Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳибном,

Сангро мекунад афлок ақиқи яманӣ.

Мутафаккири барҷаста Абӯнасри Форобӣ дар таълиму тарбияи хонандагон мавқеи ҳалкунанда доштани омӯзгорро махсус таъкид намудааст. Ӯ таъкид кардааст, киомӯзгор хоҳад, ки аз шогирдон самимият, ростқавлӣ, эҳтирому ҳақиқатро талаб намояд, пеш аз ҳама, худи ӯ бояд дорои чунин сифатҳо бошад.

Энсиклопедисти тоҷик Закариёи Розӣ менависад, ки «Тарбиятгарро зарур аст, ки камбудӣ ва норасоиҳои тарбиягирандагонро саривақт нишон диҳад ва ҳеҷ вақт аз онҳо хафа нашавад, бо тамасхур ба онҳо нанигарад, нисбат ба онҳо ҳисси нафрат надошта бошад. Баръакс дар назди шогирд чеҳраи хандон дошта, суханони ӯро оромона ва ҷиддӣ гӯш кунад.

Ҳамзамон дар ҷойи дигар таъкид менамояд, ки дар ҳама ҳолат тарбиятгирандагонро гӯш карда тавонистани устод муҳим аст ва кӯшиш намудан лозим, ки аз онҳо қаноатманд бошад.

Имрӯз фаъолияти омӯзгор-устод дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо гуногунмазмунӣ, гуногунсоҳавӣ пурра мегардад, чунки маҳз ӯ дар ташкилу ба роҳ мондани шаклу усулҳои нави таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо шахси асосӣ ба шумор меравад ва фаъолияти ӯ баҳри дар амал татбиқ намудани мутахассисони баландихтисос дар асри XXI равона карда мешавад.

Файзуллозода Э.Ф., н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ