ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИДА БУД, АКНУН БА ДИЛҲО РАФТААСТ

45

(Ёднома ба хотири олими барҷаста ва инсони наҷиб, академик Ҳайдар Сафиев, бахшида ба Рӯзи омӯзгорон)

Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла илму тарбия, иқтисод, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд. Ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ низ олимон дар хизмати халқу ватани худ буданд ва ҳастанд. Олимон ҳамеша барои пешрафту тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори кишварамон дар сатҳи байналхалқӣ кушиш менамоянд.

Яке аз чунин нафарон, олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Ҳайдар Сафиев буданд. Бо устоди зиндаёд Ҳ. Сафиев соли 2010 ҳангоми ба шуъбаи аспирантураи ДМТ дохил гаштанам шинос шудам. Он вақт устод маро ба кор ба Институти илмӣ-таҳқиқотии металургияи назди КВД “Ширкати алюминии Тоҷик”, ки ҳамон замон роҳбариашро ба уҳда доштанд, даъват намуданд. Таҳқиқотро дар самти “Таҷзияи кислотагии партовҳои фтору гилхокдори истеҳсоли алюминий бо мақсади ҳосил намудани криолиту гилхок аз он” шурӯъ намудам ва соли 2015 рисолаи номзадиамро бо роҳнамоии устоди гиромӣ дар Шурои диссертатсионии назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ бомуввафақият ҳимоя намудам.

Устод гиромиқадр нисбат ба кор серталаб ва ҷиддӣ бошанд, ҳам аммо дар омӯзиши илм ва методикаи гузаронидани таҳқиқотҳо ба мо ҷавонон мисли падари маънавӣ меҳрубони намуда, маслиҳатҳои муфид медоданд. Ёд дорам, соли 2015 бароям як соли пур аз рӯйдодҳои таърихию фаромушнашавандаи ҳаёт буд.

Яке, аз он агар ҳимояи бомуввафақияти рисолаи номзадиям бошад, дигар ин ки бо ташаббусу пешниҳоди устодам Ҳ. Сафиев дар кушодашавии корхонаи истеҳсоли Криолит дар ноҳияи Ёвон бо ҳамроҳии устоди гиромӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намудем, ки ба Ҷаноби Олӣ хело хуш омад ва ба устоди арҷманд Ҳ. Сафиев барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи илм, пайванди илм ба истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои ҷавон минатдории худро расониданд.

Хотироти дигар аз устоди гиромӣ Ҳ. Сафиев ба мо шогирдон чунин мебошад, ки мегуфтанд… “ҳамеша ҳаракат кунед ба ихтироотҳое даст занед, ки дар Ватани азизамон Тоҷикистон татбиқшаванда бошанду аз ҷиҳати иқтисодӣ, технологӣ ва экологӣ самаранок бошанд”. Ин насиҳати устоди зиндаёд ҳамеша дар қалбам ҳаст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, то ҷон дар баданамон ҳаст ба Ватани азизамон Тоҷикистон содиқона хизмат мекунем.

Имрӯз дар кишвар бо шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Сарвари давлат илму дониш рушд мекунад, садҳо олимони ҷавон дар мактаби илмии устоди зиндаёд Ҳ. Сафиев ба воя расида истодаанд, ки дар оянда барои рушду нумӯи илми тоҷик саҳми назаррас хоҳанд гузошт. Хотироти неки устоди гиромӣ Ҳайдар Сафиев дар қалбҳои мо шогирдон абадӣ хоҳад монд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Раҷабов Ш.Х., н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилаии факултети химияи ДМТ