ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ МУВАФФАҚИЯТҲО

125

Санаи 27 июни соли 1997 барои мардуми шарифи тоҷик санаи пурифтихору арзишмандест. Маҳз дар ҳамин рӯз ба миллати аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷафодидаи тоҷик муяссар гардид, ки бо саъю талошҳои зиёд Ваҳдати миллии хешро ба даст ораду дар пойдории сулҳу суботи саросарии кишвар пойдевори мустаҳкаме гузорад. Инак, 27 сол мешавад, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу субот ва тинҷию оромӣ зиндагӣ намуда истодаанду аз ин неъмати бебаҳо- Ваҳдати миллӣ шукргузорӣ доранд.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ саҳми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас буда, маҳз бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин марди некхоҳу некандеш ин неъмати бебаҳо бароямон муяссар гардидааст. Воқеан ҳам Сулҳу Ваҳдат асоси ҳама гуна комёбию муваффақиятҳост. Чи хеле ки Сарвари муаззами миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаҳову мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд».

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як кишвари зебою назаррабо ва рӯбатараққӣ табдил ёфтаасту мардумонаш зери партави нурҳои Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат, бахусус Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон зиндагии ороманаю хушбахтонае доранд. Қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои зиндагӣ- Ваҳдату якпорчагӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон бирасему дар пойдорию бақои он ҳамеша бикӯшем, зеро хуррамии зиндагию файзу баракати дастархони ҳар яки мо аз ваҳдату дӯстӣ ва оромии кишвар аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари азизамон- Тоҷикистон баъди ба даст авардани Истиқлолияти комили давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ то чи андоза пешрафт намудаву ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст. Мо пешрафту муваффақиятҳоро имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баръало мушоҳида менамоем. Махсусан соҳаи морифи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пеш рафтаву маорифчиёни кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Дар тӯли ин солҳо дар кишвари азизамон садҳо муассисаҳои нави замонавии таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти ояндабину миллатдӯсти ин халқи соҳибтамаддун дарак медиҳанд.

Баҳри расидан ба мақсадҳои наҷибу дастовардҳои бузург мо бояд ба тарбияи наслҳои ҷавони кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Баҳри рушди минбаъдаи давлату миллат ва сулҳу ваҳдати пойдори сарзамини аҷдодиамон кадрҳои босавод ва худшиносу худогоҳ хеле заруранд. Фароҳам овардани чунин шароитҳои мусоиди таълиму тадрис низ танҳо ба хотири ҳамин аст, ки мо насли воқеан ҳам худшиносу худогоҳро ба воя расонем, то онҳо ин давлату ин миллатро дар оянда соҳибӣ карда тавонанд.

Мо имрӯз дар як давари ниҳоят пуртаззоде қарор дорем ва нотавонбинони давлату миллат ҳар лаҳза метавонанд ба оромию субот ва Ваҳдату якпорчагии мо газанде расонанд. Аз ин рӯ, мардуми шарифи тоҷик, бахусус наврасону ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду пойбанди ақидаву андешаҳои нопоки онҳо нагарданд. Барои гирифтор нагардидан ба андешаҳои ғаразноки чунин гурӯҳҳо бояд ҳар чи бештар хонем, дониши худро баланду ҷаҳонбиниамонро васеъ гардонем.

Доир ба ин мавзуъ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз дошта буданд, ки: «Мардуми мо, аз ҷумла ҷавонону наврасон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд. Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд. Дар чунин шароит табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.»

Мо – маорифчиёни кишварро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои мусоиди муҳайёгардида имрӯз аз дирӯза бештару беҳтар ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи наслҳои ҷавон машғул гардида, дар пешрафту шукуфоӣ ва пойдории Ваҳдату якдилии мардуми Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Иттифоқу иттиҳод аз ваҳдат аст,

Рӯзгори амну шод аз ваҳдат аст.

Хони пурфайзу сурури зиндагӣ,

Давлати боадлу дод аз ваҳдат аст.

Шукри ободии кишвар мекунем,

Хандаи тифлони шод аз ваҳдат аст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дотсентони кафедраи химияи органикӣАшуров С.Ғ., Қодиров М.З, Саидов С. С.