Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат.
Эмомалӣ Раҳмон
Хушбахтона, мо боз дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Дар тамоми давраи Ваҳдати миллӣ мардуми сарбаланди Тоҷикистон тавонистанд бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон онро ҳифз намоянд. Ҳифзи ин дастоварди муҳимтарини мамлакати мо аз вазифаҳои муқаддастарини ҳар як сокини кишвар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии миллати тоҷик ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон номидаанд. Дар ҳақиқат, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо Ваҳдати миллӣ алоқамандии зич доранд, зеро бе Ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ, осудагӣ ва шароити хуби зиндагӣва корӣ фароҳам намеояд. Аз ин хотир зарур аст, ки падидаи Ваҳдати миллӣ, марҳилаҳои ба дастовардани онро, ҳар як нафари мо дуруст дарк кунем, то моҳияту арзиши Ваҳдати миллиро дуруст пай барем. Чун сухан дар мавриди қаҳрамони асосии масири ваҳдатсозии миллат меравад, зарур аст инро донем ва фарзандонамон талқин мамоем, ки ки Ваҳдати миллӣ маҳз бо шарофати талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зеро таърих шоҳид аст, ки маҳз дар марҳилаи душвори таърихӣ, яъне ибтидои соҳибистиқлолӣ, ки хатари нестшавии миллату давлат таҳдид мекард, сарвари давлати мо масъулияти давлату миллатро ба душ гирифт ва бо пайғоми “Ман ба Шумо сулҳу субот меорам” умеди зиндагӣ ба фардои нек, оромӣ, ваҳдат, бақои миллату давлат ва рушду тараққиётионро дар дили мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард.
Мавриди зикр аст, ки дар тамоми марҳилаҳои музокирот бо иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, раванди сулҳ, таъмину таҳкими ризоияту Вадати комили миллӣ дар кишвар хеле назаррас ва арзанда мебошад. Имрӯз, мо ифтихор аз он дорем, ки як мамлакати озоду ором дорем, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем. Воқеан ҳам, масири паймудаи ҳар як марҳилаи тайкардаи он, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст. Омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳоинамоён комгору муваффақ гардонад. Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад.
Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ёфтааст. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшонаст. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо мояи саодату калиди фатҳу пирӯзӣ ва муҳимтарин омили таҳкиму иқтидори Истиклолии давлатӣ гардид.
Вақте ки мо саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони муосирро пас аз ноил шудан ба сулҳу Ваҳдат варақгардон менамоем, қалбу вуҷудамоназ шодию фараҳ лабрез мешавад. Барои ҳамин ин ду неъмати бебаҳо сулҳу ваҳдат чӣ қадар барои миллати куҳанбунёди мо азиз аст. Ба ин маънӣ ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст, ки фармудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Дар воқеъ, сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи қавии инсондӯстонаи ҳар як сокини кишвар дар роҳи раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва аз вартаи нестӣ мебошад. Оре, сулҳ мафҳумест бузургу ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишони ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре, ки шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо каломи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир шудааст.
Ваҳдат ба тамоми маънӣ, аз ҷумла аз нигоҳи сиёсӣ, барои бани башар дар кадом шакли давлатдорие бошад, арзишманд буда, ҳамин тавр бо арзишҳои волояш боқӣ хоҳад монд. Ваҳдат- мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навини тоҷикону тамоми марджуми дунё, ҳамчунин худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки фақат ҳамон халқе ба қуллаҳои баланди мурод расида метавонад, ки бо ҳам дӯсту иттифоқ ва меҳрубон бошанд. Сулҳу оромие, ки дар кишвари мо фароҳам омадааст, сарвати бебаҳо ва бузургтарин дастоварди халқамон буда, эҳтиёт ва ҳифз намудани он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Биёед, ҳамватанони азиз, ба хусус ҷавонони қавииродаи кишвар, гирди парчами сулҳу ваҳдат ва озодии Ватани азизамон ҷамъ оем, нагузорем, ки осмони беғубори моро касе тираи фикру ақидаҳои бегонапарастӣ ва ифротӣ бисозад. Сулҳу ваҳдат ин шодию хӯрсандиҳои ҳар як модару ҳар як кӯдаки тоҷик аст. Нафаси хӯши як лаҳзаи Ватани орому осуда чӣ қадар гуворост. Ҳар лаҳзаи дар ин Ватани орому осоишта, як дақиқа ҳам будан барои мо ғанимат аст. Шукри ин зиндагии хурраму гуворо мекунем. Шукри он, ки сулҳу дӯстӣ ва оромӣ дар Ватани азизу муқаддаси мо ҳукмфармост.
Суяриён Қ.Ҷ.– раиси ШИМ факултети химияи ДМТ
Аловиддинова Ш.А.- котиби ШИМ факултети химияи ДМТ