ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ!

246

Дар солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.

Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.

Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омарда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба мунокишахои дохили ва муковимати мусаллахона хотима бахшида, ба мархалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини вахдати милли ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хочагии халки Тоҷикистон ва рушди онхо оғоз намоем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Воқеан, Вахдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёри мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он, сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд. Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетики, раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқавори зина ба зина амалӣ рӯ ба тараққӣ намуда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдусти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид. Бояд қайд намуд, ки ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд имконнопазир буд.

Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину лазизи он самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо – тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдатро ба мамлакатҳои Осиё, ба суйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин дастовард боиси эҳёи арзишҳои миллии “Роҳи бузурги абрешим” гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Аз мо фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расида, даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, муттаҳиду дӯст, бародару баробар бошем ва Ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем, чунки бақои миллат дар Ваҳдати миллист.

Сафаров С.И., н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ

Қурбонова Ф.Ш., н.и.х., дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ