Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин такомули сиёсати ояндадор ва ташаккулдиҳандаи эътимоду боварии халқи тамаддунофари тоҷик буда, ба василаи он муқаддасоту арзишҳои миллии давлатдории мо равнақ ва инкишоф ёфтаанд. Маҳз дар заминаи ин арзиши соҳибтамаддуни миллат унсурҳои давлатдориву хештаншиносӣ, худогоҳиву оромонҳои миллӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ба вуҷуд овардани фазои амну осоиштагӣ фароҳам омадааст. Ваҳдати миллӣ унсурест, ки раванди татбиқшавандаи созишномаи сулҳи тоҷиконро ба танзим дароварда, барои мустаҳкам гардидани пояи давлатдории тоҷикон мусоидат намудааст.
Ваҳдати миллӣ дар замоне дар кишвари Тоҷикистон шакл гирифт, ки ғояҳо ва арзишҳои миллӣ ва амнияту осоиштагӣ дар ҳоли нобудшавӣ қароро доштанд. Маҳз бо қувваҳои мухолифаткунандаи наҳзатиён дар солҳои 90- ум дар кишвар барои аз байн бурдани тафаккури ҷомеа ва таблиғ намудани ғояҳои тундгароӣ аз ҷумлаи амалҳои ғаразноки онҳо ба ҳисоб мерафтанд.
Дар таърихи давлатдории мо ягона ҳодисаи нохуш ва вазъияти харобоваре, ки бар сари миллати тоҷик омадааст, ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Зеро қувваҳои бадхоҳи миллат нобасомониеро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд оварданд, ки ба василаи он қатлу куштор, хунрезиву оқибатҳои шадиди онҳо вазъияти кишваро хароб сохта буданд. Мақсаду мароми онҳо дар ҷомеаи мо ба роҳ мондани ақидаҳои динниву ифротӣ ва ба воситаи он ноустувор сохтани амнияту осоиштагӣ дар кишвар буд.
Онҳо танҳо барои таъсир расонидан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, расму оини аҷдодони тоҷик, аз байн бурдани рисолати давлатдорӣ, пароканда гардонидани халқ, нобаробариро ба вуҷуд овардан нисбат ба давлату ҳукумат кушиши ба вуҷуд овардани фазои ноустуворро дар ҷомеа ба нақша гирифта буданд. Ягона василаи несту нобуд сохтани ин арзишҳо қатли бераҳмонаи шоирону нависандагон, адибону зиёиён, сиёсатмадорону шахсиятҳои варзидаи кишвар ба ҳисоб мерафт. Сабаби қатли ин шахсиятҳои баруманди кишвар, роҳандозӣ намудани идеалогияи ифротӣ дар байни ҷомеа маҳсуб меёфт. Зеро адибону нависандагон ва шахсони донишманду соҳибхиради кишвар мақсаду ниятҳои ғаразноки онҳоро дарк намуда, ба халқ ба таври содабаёнӣ мефаҳмониданд. Дар он замон ҳар як адибу нависандае, ки аз мақсаду мароми қувваҳои бадхоҳи миллат огоҳӣ доштанд бераҳмона ба қатл мерасиданд. Ба ҳамин тариқ мардумро ба ҷаҳолату фиребкориҳои худ аз роҳ мебаровардан, бародаро бо бародар падаро бо писар душман намуда даст ба гиребон месохтанд.
Хушбахтона бо азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фиребкориву хиёнатҳои қувваҳои бадхоҳи миллат гирифта шуда, фазои оштии миллӣ дар кишвар ба миён омад. Роҳбари давлат вақте, ки ҳокимиятро ба даст гирифт, вазъи ногуворе кишваро таҳдид мекард. Аз як тараф қувваҳои мухолифин даҳо ҳазор инсониҳои бегуноҳро бераҳмона ба қатл расонида, хонаву дари онҳоро ба яғмо бурда буданд.
Аз сабаби ноором ва оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ 1 млн аҳолӣ кишваро дар оғӯши ҷанг раҳокарда роҳи гурезро пеш гирифта буданд. Дар ҳақиқат роҳбари давлат барои ба низом даровардани вазъи осоиштагиву оромӣ ва ваҳдатсолори хизматҳои басо бузургро ба сомон расонидааст. Соли 1997 дар вазъияти басо мураккаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ бо роҳбари мухолифин мулоқот анҷом дода, баъд аз гуфтушунидҳои зиёд бо розигии тарафайн созишномаи мазкур ба имзо расид. Сипас пас аз ба имзо расидани ин созишномаи тақдирсоз ва бо талошҳои бевоситаи роҳбари давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар роҳандозӣ гардида, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои нангбори он билохира хомӯш гардид.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар кутоҳтарин муддат кишвари Тоҷикистон зери роҳбарии сиёсатмадори хирадманду соҳибтаҷриба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибистиқлолу озоду амну осоишта гардида, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ машҳуру маъруф гардид.
Маҳз бо талошҳои Пешвои миллат рушди босуботи соҳаҳои кишвар дар назардошти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмлалӣ зина ба зина ташаккул ёфт.
Ваҳдати миллӣ волотарин арзишест, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба воситаи он фикру андешаҳои худро дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар иброз медорад. имрӯз таъмини амнияти босуботи кишвар аз ҷумлаи арзишҳое ҳаст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
Гулов А.А., Бобокалонов Т.Б.,устодони факултети химияи ДМТ