ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲУ АМОНӢ

92

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Маълум аст, ки барои пешрафту тараққиёт ва ободии давлату миллати хеш, пеш аз ҳама, тинҷиву осудагӣ, ваҳдату сулҳу амонӣ чун обу ҳаво зарур аст. Санаи 27 июни соли 1997, баъди гуфушуниди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарафи мухолифин дар шаҳри Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ба имзо расидани ин созишномаи муҳим мамлакатро аз таҳдид нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ ва парешонҳолӣ нигоҳ дошт ва 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо ба иди расмии давлатӣ табдил ёфт ва 27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистони биҳиштосо ворид гашт.

Ин ҷашн яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоси тоҷикона дар саросари мамлакати маҳбубамон таҷлил мегардад.

Мафҳумҳои «сулҳу ваҳдат» барои миллати тоҷик хеле азиз мебошанд, зеро сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки таҷассумгари маънои осоиштагию ҳамдигарфаҳмӣ, осмони софу беғубор, ягонагию муттаҳидӣ ва амалишавии орзуву армонҳои некро доранд.

Ба шарофати ба имзо расидани созишномаи такдирсози Ваҳдати миллӣ ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшида шуд. Бо гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ, фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушд намуд. Ваҳдати миллии тоҷикон, таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид, институтҳои сиёсии ҷаҳон гардидааст ва мо – тоҷикон фахр аз пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва устувории ягонагии миллат дорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 иброз карданд: «Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд. Мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем ва ҳаргиз фаромӯш накунем, ки кафили ояндаи дурахшони давлату миллати мо иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллии мо мебошад».

Чун фарзандони миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболем ва бо ифтихор мегӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини биҳиштӣ побарҷой ва мустаҳкам аст, зеро онро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

Дастони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат.

Дар ҳифз ва нигоҳдории дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, муаррифии шоистаи Ватани азиз саҳми арзишманди худро мегузорем ва ба миллати тоҷдору давлати соҳибистиқлол ҳамеша содиқ мемонем:

Ваҳдати мо – иқтидори мо,

Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Ваҳдату сулҳи давлати азизи мо минбаъд низ ҷовидон хоҳад монд, чун хурду бузурги миллат иттиҳоду ваҳдати миллиро пешаи худ қарор додааст ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ медорад. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст:

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст.

Давлатшоева Ҷ.А., Ҷамолиддинов Ф.Ҷ., устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ