ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

320

(Дар ҳошияи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30.05.2024)

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 баргузор гардид, ба мо кормандони соҳаи маориф як такони ҷиддие бахшид, ки мебояд мо дар тарбияи ҷавонони имрӯза саҳми босазои худро гузошта бошем. Дар ҳамин васила Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ таъкид намуданд, ки “Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.” Бе ташаккул ва пешрафти илму маориф ҷамъият, давлату давлатдорӣ пеш намеравад, аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) эълон намуданд. Бинобарин месозад, ки мо дӯстдори ватани хеш бошем, чун имрӯз, ки мо тарбиятгари насли миллати хеш ҳастем, ҷавононро дар рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқадассотҳои миллӣ тарбия намоем. Мо бояд кӯшиш ва сайъ кунем барои ободӣ ва пешрати ин Ватану меҳане, ки бо ҷонбозиҳо ба сулҳу суббот расидем, бирасем. Нагузорем он ошӯбҳое, ки дар солҳои навадуми қарни гузашта шуда буд, такрор ёбад. Чун «Ҷавонон-ояндаи миллатанд», ҷавононро ба донишандӯзӣ, меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ тарбия созем. Чунки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину инсон набуда, балки зиддӣ хурофотӯ куҳнапарастӣ мебошад. Мо устодон вазифадор ҳастем, ки ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкорӣ, содиқ будан ба хоку сарзамини меҳанамон тарбия намоем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуданд: “Аз рӯзҳои аввалли ташкили давлати соҳибистиқол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.” Дар баробари ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ изҳор доштанд, ки «олимони кишвар дар таҳияи ҳуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд». Ин суханҳои воло ба мо илҳому неруи тоза бахшида, мо устодон ва тарбиятгаронро водор месозад, ки чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди Ватандорӣ иҷро намоем. Набояд фаромуш созем, ки иқдомҳои неки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ироа намуда буд, ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбари давлат зикр гардид, ки “аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Дар робита ба ин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад”. Бояд ҳаминро қайд намоям, ки ҳар як дастуру супорише, ки дар рафти мулоқот аз тарафи Пешвои муаззами миллат дода мешавад, аз тарафи масъулон чораҷӯӣ ва мавриди иҷро қарор мегирад ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки суханрониҳои Пешворо мо ҳамагӣ дастури роҳнамо қарор дода, ба пешрафти илму маориф, маърифатнокии миллатамон, рушди тафаккури техникиву технологӣ ва саводнокии ҷомеа мусоидати бештар менамоем.

С.Ф. Шодиева, н.и.х., дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ