САҲМИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ХИМИЯИ ФИЗИКӢ

221

Имрӯз(15.05.2024) бо ташаббуси кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи шашуми илмӣ-байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ” бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»(солҳои2020-2040), 90-солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75- солагӣ ва53 – солагии фаъолияти илмӣ –таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон гузаронида шуд.

Ҳамоишимазкур бо сухани муқадимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии ба номи профессорон Ҳомид Мӯҳсинович Яқубов ва Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳҳои мазкур бо ташаббуси Ҳомид Мӯҳсинович Яқубов ташкил шуда, то ҳол дар он зиёда аз 45 рисолаҳои номзадиву докторӣ омода ва дифоъ шудаанд. Раёсати Донишгоҳи миллӣ хизматҳои ин устодонро ба назар гирифта, бо қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ солҳои 1992 ва 2011 озмоишгоҳҳои мазкурро ба номи устодон Ҳомид Мӯҳсинович Яқубов ва Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов номгузорӣ намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, саҳми нобиғаҳои тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқ ва илму маърифати инсоният басо бузург аст. Рушанфикрону мутафаккирони имрӯз, кушиш бар он медиҳанд, ки каме ҳам бошад, саҳми хешро дар рушду инкишофи илму маданияти ҷамъият бо такя бар осори гузаштагони худ гузоранд. Ҳамин гуна кушишҳову заҳматҳоро мо дар осори донишманди шинохтаи соҳаи химияи тоҷик, профессорон Яқубов Ҳомид Мӯҳсинович, Юсуфов Зуҳуриддин Нуриддинович ва Раҳимова Мубаширхон баръало дида метавонем.

Дар кори конференсия зиёда аз 80 маъруза аз Донишгоҳҳои аъзои Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё ва дигар мамлакатҳо ҷамъоварӣ шуда, ба намуди Маҷмӯи мақолаҳои конференсия аз чоп баромад.

Маҷмӯаи мазкур асосан маҳсули корҳои илмию таҳқиқотии олимону муҳаққиқони соҳаи илмҳои химиявӣ ва техникӣ буда, ба доираи васеи кормандони илмӣ, муҳаққиқон, магистрантҳо ва донишҷӯёнисоҳа тавсия шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кори конференсияи мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, декани факултет, академикон аз Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон ва меҳмонон аз хориҷи кишвар маърӯзаву суханрониҳо намуданд.