ТАҲИЯИ МАВОДИ ДОРУГӢ АЗ АШЁИ МАҲАЛЛӢ

161

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара қайд карданд, ки «Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳамияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст». Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад». Ин гуфтаҳо далели он аст, ки алоқаи илм бо истеҳсолот дар замони тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, истифодаи самараноки корҳои илмӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки пешравии иқтисодиёт ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолии мамлакат алоқамандии калон дорад. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз ташаббуси Роҳбари давлат оид ба эълон намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саноати дорусозии ватанӣ низ, бояд рушд намояд. Барои ба ин ҳадафи стратегӣ расидан бояд корҳои зиёде ба анҷом расонида шаванд.

Воқеан, ҳоло на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё барои ихтироъ, таҳлил ва пешниҳоди як доруи нав ба ҳисоби миёна 10-15 сол вақт сарф мешавад, то ки ин дору ба истеъмолкунанда рафта расад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки олими ҳар соҳа, дар алоҳидагӣ ихтироъи худро пешниҳод мекунаду барои он патент мегирад. Агар сари истеҳсоли доруи муайян барои бемории муайян химикон, физикон, биологҳо ва намояндагони дигар соҳаҳо якҷоя фаъолият баранд, муҳлати истеҳсолро кӯтоҳ ва сифати онро чанд маротиба боло бурдан мумкин аст. Истеҳсол, таҳлил ва ташхиси ҳар як дору аз тарафи мутахассисони соҳаҳои гуногун дар алоҳидагӣ вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, дар шабакаи дорусозӣ имрӯз муттаҳидӣ хеле зарур аст.

Тавре ки мутахассисони соҳа низ мегӯянд, барои пешрафти ин кор дар ин замина бояд Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ сафарбарии олимонро таъмин намояд ва дар атрофи як марказ муттаҳид намудани олимонро бар дӯш гирад, ҳамин корро дар пояи ИИТ ДМТ бо сафарбарии ҳамаи олимони донишгоҳ низ ба роҳ мондан мумкин аст, то ки ҳамаи корҳои вобаста ба истеҳсоли доруи ватанӣ аз як мақом роҳбарӣ карда шавад. Ҳамчунин, ин марказ бояд ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории истеҳсолкунандагони доруи ватанӣ ва олимони ватаниро таъмин намояд. Дар ин маврид олимон низ аксаран ҷонибдори ақидаи ҳамдигар хоҳанд шуд.

Барои он ки саноати истеҳсоли дорувории мо ба сатҳи ҷаҳонӣ барояд, мо бояд аз захираҳои табиӣ ва табиати биҳиштосои худ истифода барем. Қабл аз ҳама, маълум, ки дар кишвари мо ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд ва ҳар кадоми ин гиёҳҳо чанд дардро даво буда, истифодаашон таҷрибаи чандҳазорсола дорад. Инро олимон ва гиёҳшиносони мо хуб медонанд. Барои истеҳсоли доруи ватанӣ аз ҳисоби маводи химиявӣ мо имконият надорем ва бояд мо роҳеро пеш гирем, ки дигарон онро дар айни замон истифода накардаанд. Барои ин бояд ҳар як гиёҳи шифобахшро ба доруҳои мавҷуда омхта, композитсияи онҳоро аз нав ҳосил намуда, хосияти онҳоро омӯзем. Масалан, агар сода карда гӯем, доруи воридшаванда барои паст кардани ҳарорати бадан бошад, ба он гиёҳе ки чунин хосиятҳоро дорост, ҳамроҳ карда аз онҳо композитсия ҳосил менамоем ва бо ҳамин роҳ таъсири онро бештар мекунем. Дар баробари ин доруи нав назар ба доруи аз маводи химиявӣ ҳосилкардашуда безарартар ва таъсираш бештар мешавад. Ҳол он ки барои истеҳсоли як доруи нав дар сатҳи ҷаҳонӣ 350 миллион доллар сарф шуда, то миллиардҳо доллар масраф мешавад. Мо бошем, бо ҳамин роҳи осон ҳам доруи нав истеҳсол мекунему ҳам маблағи зиёд ба даст меорем. Ҳамчунин обрӯи кишвари мо дар сатҳи ҷаҳон чун пайравони нобиғаи тиб Абӯалӣ ибни Сино чандин маротиба меафзояд.

Аз ин лиҳоз олимон, пажуҳишгарон ва кормандони соҳаи илмро зарур аст, ки баҳри дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои илмии худ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба роҳ монда, хаҷми истеҳсоли маводи дохилиро баланд бардоранд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъқид шуд ин истеҳсоли маводи дорувории дохили кишвар мебошад. Нисбати гиёҳҳои шифобахш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Гиёҳҳои шифобахши моро дигар кишварҳо бароварда, доруворӣ истеҳсол меунанд, боз ба худи мо мефурӯшанд». Да ҳақиқат гиёҳҳои шифобахши мо ҳамчун маводи доруворӣ аз замонҳои қадим барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун самарабахш истифода мешаванд. Имрӯз ба мо зарур аст, ки таркиби химиявии ҳар як гиёҳи шифобахшро пурра омӯзем ва хосиятҳои физикию химиявии компонентҳои таркиби онро бо дорушиносон ва мутахассисони соҳа таҳқиқ намуда, истифодаи босамари онро барои табобати бемориҳои гуногун ба роҳ монем. Дар зинаи якум ҳамчун моддаи фаъоли биологӣ ба қайд гирифта, истеҳсоли онро ба роҳ монем ва пас аз омӯзиши васеъ онро ҳамчун маводи доруворӣ ба қайд гирифта, истеҳсолашро ба роҳ мондан мумкин.

Дар ҳамин асос як самти корҳои илмӣ – таҳқиқотии кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ ба экстраксияи баъзе пайвастаҳои табиӣ ва таҳқиқи хосиятҳои онҳо бахшида шудааст.

Устодони кафедра баҳри ба даст овардани моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол таркиби як қатор растаниҳои шифобахшро таҳқиқ намуда истодаанд. Вобаста ба ин дар кафедра омӯзиши компонентҳои химиявии як қатор растаниҳои шифобахш аз ҷумла, коснӣ (лот. Cichórium), решаи тиллоӣ (лот. Rhodíola rósea), ангат (лот. Hippóphaë rhamnóides), авраг (лот. Perouskia serophularifolia Bunge) ва дигарҳо ба роҳ мода шудааст. Маълумотҳои ба даст овардашуда нишон медиҳанд, растании коснӣ растании бисёрсола аст, ки ба оилаи қоқуҳо тааллуқ дорад ва дар табиат васеъ паҳн шудааст. Решаҳои хоми он дорои калсий, магний, калий ва натрий бо миқдори ками руҳ, мис, оҳан ва манган мебошанд. Коснӣ инчунин дорои витаминҳои A, C, E ва B6 ва инулин мебошад.

Барои паст кардани сатҳи қанди хун мусоидат мекунад. Фаъолияти ҳозима ва меъдаю рӯдаҳоро беҳтар мекунад. Ба кори системаи дилу рагҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Истеъмоли мунтазами коснӣ ба мубориза бо диабети қанд мусоидат мекунад ва инчунин хатари инкишофи ин бемориро коҳиш медиҳад.

Дар таркиби решаи тиллоӣ зиёда аз 140 модда мавҷуд аст. Аз ҷумла: салидрозид, флавоноидҳо, моддаҳои даббоғӣ, танинҳо, антрахинонҳо, кумаринҳо, кислотаҳои органикӣ — себ, лимӯ, қаҳрабо, шилха мавҷуд аст. Равғани эфирии решаи тиллоӣ бӯйи хуш ва таркиби мураккаб дорад, ки аз 86 компонент иборат аст.

Дорои микроэлементҳои нуқра, мис, манган ва руҳ мебошад. Решаи тиллоӣ воситаи танзимдиҳандаи системаи асаб буда, нерудиҳандаи табии организм мебошад. Ҳоло ҳам дар тибби расмӣ ва ҳам дар тибби халқӣ васеъ истифода мешавад.

Растании авраг дорои равғани эфирӣ мебошад ва ин равған хосияти зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ дорад. Дар равғани эфирии авраг (Перовский) зиёда аз 40 компонентҳои арзишнок мавҷуданд. Дар ин равған мавҷудияти монотерпенҳо аз ҳама зиёд (зиёда аз 70%) мебошад. Растанӣ таъсири бедардкнӣ, фаъолияти баланди антиоксидантӣ ва антимикробӣ дорад. Натиҷаҳои охирин дар бораи дурнамои истифодаи ин растанӣ дар мубориза ба муқобили инфексияҳо шаҳодат медиҳанд. Дар оянда омӯзиши таркиби химиявии дигар растаниҳои шифоии ҷумҳурӣ, ки имрӯзҳо дар тибби халқӣ истифода мешавад, дар назар дошта шудааст.

Тавре ки мебинем, растаниҳои номбаршуда дорои хосиятҳои гуногуни табобатӣ ва таркиби бойи химиявӣ мебошанд. Бо усули экстраксия ҷудо намудан ва таҳлили моддаҳои фаъоли таркиби растаниҳои шифобахш ба мо имконият медиҳад, ки бо миқдори ками моддаҳои алоҳидаи онҳо ва дигар доруҳои маълум маводи дорои фаъолияти баланди биологӣ ҳосил намоем. Вобаста ба хосият ва таъсири биологиашон аз маводи таркиби растаниҳо ва доруҳои гуногуни химиявӣ мувофиқи хосият ва таъсирашон композитсияҳо омода карда мешаванд. Омӯзиши хосиятҳои биологӣ ва фармокологии ин композитсияҳои омодакардашуда бояд аз тарафи олимони соҳаи биололгия ва тиб санҷида шаванд.

Пас аз натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо оид ба безарарӣ ва истифодаи онҳо дар тибб хулоса баровардан мумкин аст. Ҳамин тариқ мо ҳамкории байни олимони соҳаҳои ба ҳам алоқамандро ба роҳ монда, дар муддати муайян мтавонем истеҳсоли маводи доругии ватаниро ба роҳ монем.

Бобизода Ғ.М., Қодиров М.З., устодони кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ