Канданиҳои фоиданок дар ҳама давру замон барои рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши бузург доранд. Аз ин лиҳоз, истихроҷу коркарди ин сарватҳо, хусусан маъданию минералӣ барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши бузург мебозад.
Маъданҳои фосфордор асоси тараққиёти саноати нурии фосфордор ва маҳсулоти фосфорӣ буда, захираи ашёи хом барои ба даст овардани нурии минералӣ, сарчашмаи зиёд кардани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон аз конҳои фосфордор хеле бой мебошад, ки дар таркиби онҳо миқдори оксиди фосфори панҷвалента (маводи лозима) гуногун тақсим шудаанд.
Кишвари мо аслан нурии фосфордорро аз давлатҳои ҳамсоя -Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия харидорӣ мекунад. Аз ин хотир олимони соҳавӣ ба масъалаи ғанигардонию коркард аз ашёи хоми маҳаллӣ барои ҳосил кардани нуриҳои фосфордор барои таҳқиқ диққати махсус медиҳанд.
Бо мақсад ба даст овардани нурии фосфордор мо захираҳои конҳои фосфордори кишварро ҳамаҷониба омӯхтем, ки дар ҳақиқат истифода бурдани конҳои фосфордор ба рушди хоҷагии халқи мамлакат кифоягӣ ва мусоидат мекунад.
Дар Тоҷикистон захираи кони фосфорит тақрибан 540,68 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Захираи фосфоритҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлов ва ноҳияи Шаҳринав зиёд аст. Яке аз конҳои фосфордори калонтарин ин кони Риват мебошад, ки захираи саноатиаш 30 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Кони фосфордори Риват дар қисми ҷанубии нишебӣ, қаторкӯҳи Туркистон (ҳоло қаторкӯҳи Офтобрӯ), дар масофаи 3 км аз тарафи рости дарёи Зарафшон ҷойгир шудааст. Кони камбар (паҳноиаш 3 км) ба дарозии 22 км тӯл кашидааст, он аз 2 минтақа иборат мебошад. Дарозии минтақаи аввал Хурмӣ-Майката 18 км ва Мингдона 4 км. аст. Кони фосфордори Риват дар минтақаи Хурми-Майката аҳамияти махсусан калон дорад.
Қисми поёнии кон гилхокҳои тираранг (песчаникҳо), регсангҳо ва мергелҳо, қисми мобайнӣ оҳаксангҳои устухоначадор (ракушняк), мергел ва доломитҳо, қисми болоӣ бошад мергелҳо бо қабатҳои гилхокҳои гаҷ, регсангҳои кварс-фосфоритӣ доранд. Регсангҳои кварс-фосфоритӣ асосан аз кварс (60 %) аз ҳаҷми умумии ҷинсҳои қабатчаҳои шпати саҳроӣ ва аз минералҳои турмалин, сиркон ва гематит иборатанд. Дар кон ҳосилнокии миёнаи оксиди фосфори панҷвалента – 4,85 % муайян карда шудааст, ки ба категорияи хеле камҳосил дохил мешавад. Бо мақсади истифодаи саноатии кони фосфордори Риват таҳқиқоти илмӣ оғоз карда шуд.
Яке аз усулҳои коркарди маъданҳои камфосфордор дар ҷаҳони муосир ин усули флотатсионӣ мебошад. Ба ин хотир маъдани номбаршуда аз силсилаи таҷрибаҳо гузаронида шуд. Дар заминаи санҷишҳои пешакӣ бо усули флотатсия гузаронидашуда натиҷаи зерин ба даст омад: майдашавии маъдан 42,5 % синфи – 0,063 мм»; барои омода кардани муҳити ишқорӣ соддаи техникӣ истифода карда шуд (1,5 кг/т), таназзули ҷинсҳои холӣ, шишаи моеъ (1,5 кг/т) аз оғози ҷараёни флотатсия дода шуд.
Дар натиҷаи дар вақтҳои муайянгардида ворид намудани реагентҳо нишондоди раванди флотатсия беҳтар гардид. Ду флотатсияи асосӣ ва ду флотатсияи назоратӣ гузаронида шуд. Аммо флотатсияҳо бо истифода аз реагентҳои флотатсионии ҷамъкунанда, равғани талигӣ натиҷаи хуб надоданд. Бо мақсади бештар ба даст овардани оксиди фосфори панҷвалента ба сифати ҷамъкунанда омехтаи равғани талигӣ ва керосинро истифода намудем. Ҳангоми якҷоя кардани консентрати асосии II ва маҳсулоти мобайнии I ва баъди ду маротиба тозакунӣ консентрате ба даст омад, ки дар таркибаш оксиди фосфори панҷвалента 26,7 %-ро ташкил дод, ки он орди фосфордор номида мешавад. Миқдори оксиди фосфори панҷвалента дар партов ҳамагӣ 0,23 %-ро ташкил дод.
Ҳамин тавр, нақшаи технологии ғанигардонии фосфордори кони Риват амалӣ гардид. Дар шароити озмоишгоҳӣ як миқдор консентрат (орди фосфордор) ҳосил карда шуд ва минбаъд пас аз коркарди химиявӣ суперфосфати оддӣ ба даст омад.
Аз суперфосфати ҳосилшуда дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 навъи пахта – Шавкат- 80, тамғаи 9326 – В ва Гулистон -2, ки дар акс нишон дода шудааст, аз санҷишҳо гузаронида шуданд.
Тавре аз аксҳо дида мешавад, пахтаҳои таҷрибавие, ки аз суперфосфат баҳра бурданд, чӣ аз ҷиҳати қад, поя, тана, барг ва ғӯза нисбат ба пахтаҳои назоратӣ хеле хуб афзоиш кардаанд.
Гузашта аз сифати нахи пахта дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз таҳлили технологӣ гузаронида шуд. Санҷиш нишон дод, ки дар ҳамаи параметрҳо нишондодҳои мусбӣ ба назар мерасанд.
Бо супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз 4.03.2019, № 6/2725 таҷрибаи ғанигардонии нимсаноатӣ, ки иқтидораш ба 60 кг/соат баробар аст, аз маъдани фосфордори кони Риват озмоиш гузаронида шуд.
Бояд гуфт ки нишондодҳои технологии ғанигардонии маъдани фосфордори кони Риват бо усули флотатсионӣ дар аввали таҷриба хуб набуданд. Баъди шустани маъдан, ҳангоми дур кардани гилу лой ва гипс аз таркиби маъдан консентрати хушсифат ба даст омад.
Ҳамин тавр, 5 000 кг маъдани фосфордори кони Риват бо усули флотатсионӣ дар дастгоҳи нимсаноатӣ ғанӣ гардонида шуд. Ҳангоми якҷоя кардани консентрати асосӣ ва назоратӣ минбаъд бо тоза кардани онҳо консентрати фосфордор (орди фосфордор) ҳосил карда шуд, ки дар таркибаш оксиди фосфори панҷвалента 24,3 % буда, ҷудошавиаш 85,7 %-ро ташкил дод.
Айни замон ҷиҳати ғанигардонии намунаи маъдани фосфордори кони Риват бо усулҳои гуногуни химиявӣ бо мақсади ҳосил кардани суперфосфати дучанда, аммос, диаммонийфосфат, нурии комплексии (NPK) аз партови флотатсияи маъдан ҷудо кардани реги кварсӣ ва истеҳсоли хишти сохтмонӣ таҳқиқотҳои илмӣ идома ёфта истодаанд.
Ногуфта намонад, ки ҳоло дар заводи химиявии Криолити ноҳияи Ёвон, ки ба Ширкати алюминии Тоҷик (Талко) тааллуқ дорад, кислотаи сулфат истеҳсол шуда истодааст. Зиёда аз 50 % кислотаи сулфати истеҳсолшаванда дар ҷаҳони муосир барои коркарди нурии минералии фосфордор истифода мешавад. Бо мақсади истифодаи кислотаи сулфат ширкати Алюминии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар кони фосфордори Риват заводи ғанигардониро бунёд кунад.
Бунёд гардидани боз як корхонаи саноатӣ ба ғанӣ гардидани буҷет ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои мардуми диёр мусоидат мекунад.
Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович,доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ