Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Эмомалӣ Раҳмон
Халқи тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёдкардааст, ки мавриди таваҷуҳи оламиён будаанд. Саразми бостон, Тахти Сангин, Ҳулбук, Ҳисор, Истарафшан, Қӯлоб ва ғайраҳо баёнгари оини баланди шаҳрсозию шаҳрдории аҷдодони мо маҳсуб мешаванд. Суннатхои шаҳрдорӣ ва меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст:
Миллати шаҳролфариву шаҳрдору номдор,
Аз чунин созандагӣ доим намоем ифтихор.
Кофтуковҳои бостоншиносии Н.Н. Забелина дар соли 1939 ва М. Линде соли 1954 дар соҳили чапи дарёи Душанбе маводи ба асри IV – V-и мелодӣ тааллуқдоштаро пайдо намуданд. Сафолпораҳои пайдогардидаи аз қабристони дар атрофи Душанбе мавҷудияти шаҳрро ба асри II-и пеш аз мелод нисбат медиҳанд. Биноҳо ва тангаҳои аз дигар мавзеъи Душанбе пайдогардида ба асри XVI- рост меояд. Ин далелҳо баёнгари онанд, ки дар ҳама давраҳои тахърихӣ зисту скунати инсонҳо дар ин макон дида мешавад. Мувофиқи маълумотҳои муътамади то ин дам ба даст омада номи Душанбе аввалин мароти дар асари адмирали турк Сейди Алӣ Раис “Меръот-ул-мамолик” зикр шудааст, ки тақрибан ба солҳои 1555 рост меояд. Баъдан Маҳмуд ибни Валӣ дар асараш “Баҳр-ул- аъроф фи маноқиби-ал-хайр” аз ин мавзеъ менависад. Адабиёти асри XVII дар саҳифаҳои худ низ аз ин ном бештар ёд мекунад. Мавҷудияти Душанбе дар харитаи сиёсӣ бошад баъди пажуҳиши олими рус Алексей Павлович Федченко, ки ноҳияҳои куҳистони сарҳади Зарафшонро мавриди пажуҳиш қарор дод ва дар натиҷаи он соли 1872 харитаи Осиёи Миёнаро таҳия намуд, ки дар он дар масофи начандон дуртар аз Ҳисор, Душанбе тасвир ёфт. Аксари муаррихон пайдоиши вожаи Душанберо ба макони бозоре, ки дар он замонҳо мавҷуд буд нисбат медиҳанд, ки оҳиста оҳиста дар атрофи он биноҳо қомат афрохтанд ва сукунати одамон дар ин шаҳри таърихӣ мукарраран оғоз ёфт.
Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе бо аҳолии камтар аз 500 нафар шаҳр ва пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид. Баҳсҳо барои пойтахти нав зиёд буданд, чуноне, ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, донишманди маъруфи кишвар иброз дошта буданд: “Ҳама медонист, бояд шаҳри наве бояд сохт. Бухоро аз даст рафт, Самарқанд аз даст рафт, Хуҷанд ҳам то соли 1929 аз Тоҷикистон набуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурии Шӯравӣ буд, ки шаҳр надошт. Бархе мегуфт, Қаротоғ пойтахт шавад, баъзеҳо, ки Душанбе. Дар охир, шароити ҷуғрофӣ ва табиии Душанбе беҳтар ба назар намуд ва Душанберо интихоб карданд барои пойтахт.” Моҳи апрели соли 1927 Совети Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард. 16 октябри соли 1929 Душанбе ба номи Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин ва соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Соли 1929 аввалин роҳи оҳан сохта шуд, ки Душанберо бо Тошканд ва пойтахти Ҷамоҳири Шӯравӣ Москва мепайваст. 28 августи соли 1939 «Дар бораи бархам додани шӯрои деҳаҳои Шоҳмансур ва Сариосиё» қарор бароварда шуд. Ва деҳаҳои мазкур ба ҳайати Душанбе ворид карда шуд.
Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургтарин шаҳри кишвар, пайвандгари дилҳо, қаъбае дар замири калбҳо, умеду орзуи ниёгон, армони тамоми тоҷикикону тоҷикистониён, шаҳри мардони хираду занони ба ору тифлакони дилшод, шаҳри бахтовару фараҳафзо, шаҳри нангу номус, ғуруру мардонагӣ ва “Хуршеде дар қалби Осиё” мебошад. Шаҳри Душанбе тибқи таҳлили сайёҳон ва кумитаи байналмилалиии сайёҳӣ яке аз шаҳрҳои зебо, ором, меҳмоннавоз ва дар ҳолати рушди босуръат қарор дошта, шаҳри гулҳо, шаҳри нафосат, шаҳри назокат, шаҳри озодӣ ва шаҳри доим дар шукуфт ба мисли чаманистони ҳамешабаҳор мебошад.
Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар,
Зи рӯйи Боми дунё мекашад сар.
Чунон, ки бар сари зебоарусе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.
Имрӯзҳо шумораи сокинони шаҳри ҷавони Душанбе аз 500 нафари соли 1924 ба зиёда аз 1 200 ҳазор нафар расидааст, ки аз ҳисоби зиёдшавии аҳолӣ дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол мекунад. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Пойтахти азизамон гавҳораи мадании миллати тоҷик, хонаи умеди тамоми тоҷикону тоҷикистониён, эҳёгари суннатҳои волои миллати тоҷик- шаҳри Душанбе рушди бе майлон кардааст. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки аксари он нафароне, ки тайи 10-15 –сол вориди Душанбе нагаштаанд онро ба куллӣ намешиносанд. Ҳамаи ин пешравиҳову шукуфтанҳо аз роҳбрияти Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобастааст:
Ҳарчи ҳаст аз сарвари бо нангу номи миллат аст,
Сатҳи хуби зиндагӣ аз мардуми бо ҳиммат аст.
Ғайрати созандагӣ ҳаст дар ниҳоди сарварам,
Сарвари арзанда доштан, ифтихори миллат аст.
Имрӯз Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст, ки қариб дар ҳама ҷанбаҳои саноат аз ҷумла саноати сабук, соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ, саноати хурокворӣ, коркардабарорӣ, саноати масолеҳи бинокорӣ , соҳаи электроэнергетикӣ, саноати кимиёвии пойтахт, саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза, саноати полиграфӣ, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо фаъолият доранд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти аввалиндараҷаи маводи ниёзи мардум хизмат мекунанд.
Душанбе маъхази меъмориҳои фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Ташкили муҷассмаҳо ба номи абармардони дунёи илму маърифат ва қудрату сиёсат ҳусни Душанбешаҳрро боло бурда тафаккури таърихӣ ва миллатдӯстиро тарғибгар мебошанд. Муҷассамаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ, А.Рӯдакӣ, У.Хайём, А.Фирдавсӣ, А. Сино ,С. Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва маҷмуаи пайкараҳои дар пештоқи иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ин гуфтаҳост.
Нақши Душанбе дар рушди фарҳанги тоҷик ниҳоят бузург аст. Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллииТоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад. Далели дигари гуфтаҳои болозикр ин таъсиси маҷалла ва рӯзномаҳо мебашад, ки дар умум 72 номгӯйро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он тарғибгари бахши алоҳидаи ҳаёти имрӯзаву гузаштаи миллати тоҷикро инъикос менамоянд. Боғҳои фарҳанги- фароғатӣ гулгаштҳои зебо чун чаманистон чашми ҳар бинандаро ба дунёи зебоӣ бурда лаҳзае нишастан ба кас ҳаловату тароват мебахшад. Ба инҳо мисол шуда метавонад боғи «устод Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ», боғи фароғат ва истироҳати ба номи «С.Айнӣ», «Боғи ҳайвонот», «Кули ҷавонон», боғи «Ирам», «майдони Парчами давлатӣ», «Майдони нишони давлатӣ» ва ғайраҳо.
Ташкили осорхонаҳо мин – ҷумла «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», «Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон», «Осорхонаи мардумшиносии АИ Тоҷикистон», «Осорхонаи мутаҳидаи ёдгорию адабӣ», «Хона-музейи Садриддин Айнӣ»,«Осорхонаи Лоҳутӣ», «Хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ», « Хона-музейи Муҳиддин Аминзода », «Осорхонаи Турсунзода — Хона-музеи Мирзо Турсунзода», «Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе», «Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков.» ва ғайраҳо баёнгари таърихи шаҳрофарии миллати тоҷик мебошад.
Душанбе дар масири сиёсат дар замони соҳибистиқлолӣ- дар ҳудуди шаҳри душанбе сафорат ва консулгариии як қатор кишварҳо аз қабили кишварҳои африқову амрико, осиёву амрико ва мамолики араб ҷой дорад, ки ҷиҳати пиёдасозии сиёсатҳои башардӯстонаи байнидавлатию, минтақавиӣ ва байналмилалӣ хизмат мекунанд. Ва ба хотири пояндагиву дӯсӣ шаҳри Душанбе бо як қатор шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон аз қабили шаҳри Чиндаои Чин, шаҳри Анқараи Туркия, шаҳри Теҳрони Эрон, Мински Беларусия, Санкт Петербурги Русия ва ғайраҳо бародаршаҳр мебошад.
Дастовардҳои бузург ва ифтихории шаҳри Душанбе дар замони 32-соли соҳибистиқлол давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ хело зиёд мебошанд, ки намунаи чанди онро пешниҳоди хонандаи заккӣ ва ҳушманд мегардонем. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза, 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.
31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
8 сентябри соли 2014 Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай сарфароз гардид. Соли 2017 маҷаллаи The Telegraph-и Бритониёи Кабир Душанберо аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё муаррифӣ кардааст.
8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991 асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Заҳамоти шабонарӯзии бунёдкоронаи роҳбарияти шаҳри Душанберо бо ҳама ҳастиягш рӯйи қоғаз овардан ғайриимкон аст. Ободиву созандагӣ, шукуфоиву пешрафт, хурраму зебо, сарсабзу ҳамешабаҳор будани он дилхоҳ соҳибқаламро аз нигоштани асл оҷиз медорад. Ин рушду тараққиётро метавон муъҷиза номид, ки дар ҳақиқат дигарон аз ин офарандагӣ оҷиз мебошанд:
Эй шаҳри базеби ҳама дунёи Душанбе,
Дар дидаву ҷону дили мо ҷоӣ, Душанбе.
Ҳарчанд ҷавонӣ, вале куҳнадиёрӣ,
Шоҳиди ҳамин нӯқта дарёи Душанбе.
Дар оғуши ту Айниву Мирзову Қаноат,
Лоиқи азиз хуфта ба дунёи Душанбе.
Дар фасли баҳор ҳусни туро нест қиёсе,
Гул рӯидааст дар сару дар поӣ Душанбе.
Рафтанд ба тороҷ Самарқанду Бухоро,
Гӯё, ки Самарқанду Бухороӣ, Душанбе.
Ту махзани илму адаби миллати хешӣ,
Ҳам хонаи умеди ҳама моӣ, Душанбе.
Қурбонова Муқаддас Зувайдовна- мудири кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ,
Низомзода Муҳибулло Маҳмадрозиқ – докторанти Ph.D-и кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ.