Соли нави Аҷам – Наврӯз, ки иди байналмилали эълон шуд, моро боз ҳамшоду масрур намуд. Ҳамакнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шахомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманнону бадхоҳон раҳо ёфта,то ба замони имрӯзи мо расидааст. Наврӯз ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнхо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳоизиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо ин миллат тавонист дубора Наврӯзро зинда кунонад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст.
Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол –баҳор гузаронида мешавад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-22-23-уми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оинҳояш таҷлил карда мешавад.
Бар диёрам ин замон, фасли баҳор ояд ҳаме,
Ҳам ғазал шеъру тарона, сад ҳазор ояд ҳаме.
Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,
Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.
Мерасад шодӣ ба дил, аз пайки хушрӯзи баҳор,
Ҳусни хона, ҳусни меҳан, ҳусни ёр ояд ҳаме.
Бояд гуфт Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёри онҳо ба мо расидаанд. Пеш аз ҳама кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд. Гулгардонӣ ин маросиме мебошад, ки кӯдакон гулҳои наврӯстаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро бо омад-омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик менамоянд. Дар навбати худ соҳибхона ба онҳо ягон ҳадяе медиҳад. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо ва сафедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд (дар баъзе мaҳаллаҳо инро хонабарорӣ ё хонатаконӣ мегӯянд), аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд. Дар гузашта,агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад дошта бошанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯзанд (дар баъзе минтақаҳо аловпарак, яъне аз болои оташ меҷаханд) ва дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор мегузаронанд. Ҳамаи ин суннатҳои Наврӯзӣ аз ниёгон ба мо омада расидааст.
Як ҷашни куҳан омад,
Озода бадан омад,
Наврӯзи Ватан омад,
Наврӯз муборак бод!
** ** **
Ин шеръу суханро бин,
Ин базми чаканро бин,
Бишкуфта чаманро бин,
Наврӯз муборак бод!
Албатта,дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ ороста мекунанд ва шеъру ғазалхонӣ менамоянд. Дастурхони Наврӯзӣ асосан аз “ҳафтсин”-у “ҳафтшин” иборат буда, инчунин бо хӯрокҳои хубу дилнишини Наврӯзӣ оро дода мешавад. Ба ҳафтсин сабза (суманак), себ, санҷид, самбӯса, сабзӣ, сипанд, сирко ва ба хафтшин бошад шир, шона, шамъ, шарбат, шакароб (дар баъзе минтақаҳо), шакар, ширбиринҷ, инчунин баъзе таъомҳои Наврӯзӣ дохил мешавад. Дар ин рӯз бисёре аз мардумон ба сайри тамошои дашту саҳрои гулпӯши ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд. Воқеан, Наврӯзва баҳор ин айёми шукофоист, ба куҷое нанигарем, ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста,нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд.
Наврӯзхӯрокҳои ба худ хосро доро мебошад. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак ба ҳисоб меравад ва агар нишонаи Наврӯзу баҳор гӯем ҳам хато намекунем. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то ба тайёр шуданаш ҳатто ҳафтаҳо зарур аст. Суманкаро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулча суманак, атолла суманак маъмул аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Хӯроки дигари Наврӯзӣ ин далда мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо бо номҳои далда, гандумкӯча, ярма ё боч маълум аст. Асосан далдаро бо гандум ва дигар донагиҳои кӯфташуда ва гӯшт ё каллапочаи гов ё гӯсфанд тайёр мекунанд.
Дар Наврӯз инчунин як қатор мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумлаи гӯштингирию бандкашӣ, аспдавонию бузкашӣ, чиликбозию чавгонбозӣ, бандпараку алвончакбозӣ ва биcёр дигар бозиҳое, ки дар байни мардум роиҷанд. Инчунин дар мамлакти мо ба ҳукми анъана даромадaаст, ки дар арафаи ин ҷашни бузург мусобиқаҳои калони гӯштини миллӣ гузаронида мешавад.
Наврӯз яке аз чунин суннатҳои куҳани халқҳои Шарқ мебошад, ки он ҳар сол на танҳо дар сарзамини куҳандиёри мо, Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, балки он дар Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хос ҳамчун иди бедории табиат ва фарорасии фасли баҳор таҷлил мегардад.
Чунон ки аз баромади Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад”.
Аз ин рӯ, Наврӯзи давраи Истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз як ҷашни бузурги умумимиллӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳоло мо мардуми шарафманди тоҷик дар ҳамбастагӣ ду иди бузурги миллию мардумӣ – Наврӯзи оламафрӯз ва иди Истиқлолияти давлати Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ки ин ифтихор аз гузаштаву имрӯз аст.
Ашуров С.Ғ.,Саидов С.С. дотсентони кафедраи химияи органикии факултети химия