СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

143

Дар бунёд ва ташаккули давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистон мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шуда, аз ҷониби давлат эътироф шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо вобаста ба нақши ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд кардаанд: “Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин тибқи маълумоти оморӣ зиёда70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад”. Бо назардошти ин, дар Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар шудааст. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шудааст, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушодааст. 13-уми марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҷавонон» қабул карда шуд, ки ин қадамҳои аввалин дар роҳи дастгирииин қишри ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд.

Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Баъдан Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шурои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат ба ҳадафҳои рӯзмарраи гурӯҳҳо, ҳизбҳова созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некӯаҳволии халқ саъйю талош намоянд. “Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад” – таъкид карда буд роҳбари мамлакат. Воқеаи фаромӯшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон – мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23-уми майи соли 1997 буд. Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки равандирасидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ҷавононро таъкид намуданд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. “Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун неругоҳи барқии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд”. Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» муҳтатарм Эмомалӣ Раҳмон23-уми майи соли 1997 фармонро «Дар бораи баъзе чораҳоибеҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуданд. Тибқи фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон27-уми майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад шуъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурӯъ кард. Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд. Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон26 апрели соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ масъалаи таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, зикр намуданд, ки барои ҳар чӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва роҳбарии истеҳсолӣ ҷалб намудани занон бояд аз ҳисоби духтарон мутахассисони соҳаҳои гуногун хоҷагии халқ барои таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст тайёр карда шавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон соли таҳсили 1997-1998 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар квотаи махсусро ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он ҳар сол духтарони деҳоти дурдаст ва аз соли таҳсили 2005-2006 писарони болаёқати деҳоти дурдасти кишвар тибқи суҳбат, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 26 соли таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз61 шаҳру ноҳия ба20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст. Мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2023-2024 барои таҳсили писарону духтарони деҳоти дурдасти мамлакат 1279 квота ҷудо шуда, аз ин теъдод 60%-и квота барои духтарон ихтисос дода шудааст. Зикр бояд намуд, ки вобаста ба амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз30 июли соли 2020, №427 тасдиқ шудааст, теъдоди роҳхатҳои квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд карда шудааст. Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид. 16-уми майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони лаёқатманд баргузор гардида, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тӯлонӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Омили муҳими дигар ин ба корҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани ҷавонон буд. Тавассути Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» намояндагони арзандаи ҷавононсазовори мандати вакилӣ гаштанд. Дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст ҳамин аст, ки 23-юми майи соли 2013 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар доир гардид. Бо мақсади бозҳам дастгирӣ ва рушди ин қиши ҷомеа 19-уми июли соли 2015 Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси Шуро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Саҳифаи навро дар ҳаёти ҷавонони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-уми декабри соли 2016) боз намуд, ки дар он омадааст: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.

Имрӯзҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47, донишҷӯён ба 255 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 295 ҳазор нафар расидааст. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 42000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои тоҷик ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли 2020 дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулонои соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияи Президентӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Яке аз механизмҳое, ки айни замон ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шурои олимони ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз зиёда аз180 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Сарвари давлати тоҷикон, Раиси Шурои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Шурои миллӣ стратегияи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон бо таври возеҳу равшан муайян ва чунин иброз намудааст: “Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд. Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад. Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд».

Дар мулоқоти навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2021 бо ҷавонони кишвар аз ҷумла қайд намуданд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавононбудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш – Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, зимнан, ба наслҳои дигар онҳоро мерос гузоранд.

Файзуллозода Э.Ф.,декани факултети химияи ДМТ