Имрӯз (18.01.2024) дар толори калони факултети химияи ДМТ ҷаласаи васеи устодону кормандони факултет баргузор гардид. Ҷаласаро декани факултет Файзуллозода Э.Ф. ифтитоҳ намуда оид ба дастоварду муваффақиятҳои факултет дар соли 2023 муфассал ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки соли 2023 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ва сермаҳсул буд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раёсати Донишгоҳ дар самти мориф ва илм коллективи устодону кормандони факултет ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Донишҷӯёну устодони факултет дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ширкат варзида, бо гирифтани 3 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 1 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) мушарраф шуданд. Қайд карда шуд, ки дар давоми 3 соли баргузории озмун, аввалин маротиба мо барандаи ҷойи якум (Ёрмамадова С.Г.) дар номинатсияи “ихтироъкорӣ ва навоварӣ” гардидем. Дар дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бошад то даври дуюму сеюм роҳ ёфтем. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бошад, солҳои охир пайваста ҷойи якумро мегирем. Руйдоди муҳимми дигари соли 2023 дар факултет, ин гирифтани тасдиқи диссертатсияи докторӣ аз ҷониби 2 устоди факултет (Мабатқадамзода К.С. ва Норова М.Т.) буда, инчунин баргузории 2 конференсияи байналмилалӣ мебошад.
Дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ихтисоси 31050102-химия аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузашта, аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) сертификати байналмилалӣ гирифта шуд. Бо дастгирии раёсати Донишгоҳ баъди аз таъмири пурраи капиталӣ баровардан ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил додани хобгоҳи 7-и Донишгоҳ 2 нафар омӯзгорони ҷавони факултет соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд. Рӯйдоди муҳимми дигари соли 2023 ин ба истифода додани 3 озмоишгоҳ, аз ин 1 озмоишгоҳи таълимии нав ва 2 озмоишгоҳи дигар баъди таҷдиду бо аёниятҳои таълимӣ ва бо асбобҳои илмӣ муҷаҳҳаз намудан ба ҳисоб меравад.
Соли сипаригашта дар асоси Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон аз рӯйи ихтисоси 1-020406-01-Химия.Биология қабул карда шуд, ки айни ҳол онҳо дар курси якум таҳсил намуда истодаанд.
Қайд карда шуд, ки танҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва устодони онҳо дар соли 2023 аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо маблағи зиёда аз 70 000 сомонӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар давоми 5 соли охир, аз ҷониби устодони факултет 17 монографияи илмӣ, 18 китоби дарсӣ, 14 воситаи таълимӣ, 27 дастури методӣ, 27 Патент ва Нахустпатент, 37 мақола дар журналҳои хазинаи Scopus, 39 мақола дар журналҳои тақризшавандаи КОА-и ФР, 288 мақола дар журналҳои КОА-и ҶТ ва ғайра аз чоп бароварда шуд.
Дар пояи кафедраҳои факултет дар солҳои 2019-2023, 13 конференсия гузаронида шуд, ки аз ин 6 конференсияи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи ҳакориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2019-2023, 17 нафар устодону муҳаққиқони факултет ба хориҷи кишвар бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои гуногун ва гузаштан аз курси такмили ихтисосу боздид аз базаи муассисаҳои илмӣ сафар намуданд.
Дар давоми 5 соли охир 3 устоди факултет диссертатсияи докторӣ ва 29 нафар муҳаққиқ диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки ин хеле натиҷаи хуб мебошад.
Соли 2023 аз ҷониби факултет аввалин маротиба интернет-олимпиадаи байналмилалӣ гузаронида, шуд, ки дар он аз 8 давлат 127 нафар иштирок карданд. Дар давоми солҳои 2019-2023 устодон Султонмамадова М., Мабатқадамзода К.С., Ёрмамадова С.Г., Қурбонова М.З., Давлатмамадова М.М. ва Давлатшоева Ҷ. Дар Форуму озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1 Шоҳҷоиза, 6 медали тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Донишҷӯён Бобохонов М.Ф., Икромов М.С., Машрабов Ш., Мираҳимов А. ва Муродов А. дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Фонди умуми китобҳо дар китобхонаи факултет зиёда аз 14 000 нусхаи чопиро дар бар мегирад. Аз соли 2021, факултет ба 2 номгӯй журналҳои илмии соҳавии хориҷӣ обуна шудааст, ки ба китобхона ворид мегардад. Айни ҳол теъдоди ин журналҳо ба зиёда аз 150 адад баробар аст.
Дар охир декани факултет Файзуллозода Э.Ф. қайд намуд, ки ба таваҷҷуҳ ва дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қадршиносии омӯзгорон, ки шуруъ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40% маоши хизматии омӯзгоронро баланд бардоштанд, эҳтиром гузашта, ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз пештара дида, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар охир оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти сифати таҳсилот, давомоти донишҷӯён, кори сарпарастон ва дигар масъалаҳои муҳими таълиму тарбия табодули афкор сурат гирифта қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.
Садорати факултети химияи ДМТ