Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро дар соли 2023 ҷамъбаст ва барои соли 2024 муайян намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.
Дар ин замина, агар ба мушоҳида гирем, эҳсос мешавад, ки дар Паём ҳама ҷанбаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ инъикос гардидаанд. Махсусан, болоравии сифати таълиму тарбия аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб мегардад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон вазифаҳои аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мушаххас намуд.
Ҳангоми баёни Паём бори дигар собит гардид, Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдории миллӣ амалӣ менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Инчунин зарур ҳисобида шуд, дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
Ин аз баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо дилсӯзиву ҷонгудозиҳои Сарвари давлат дар тӯли Истиқлолият мамлакати мо ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи мо, манзилу маъво ва имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо имрӯзҳо ба истиқлолияти энергетикӣ расидем ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Халқи тоҷик дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, фаъолияти созандаи худро ба иҷрои ин самтҳои стратегӣ равона карда истодааст.
Дар Паёми Сарвари давлат сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ вазифадор карда шуданд, то бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд. Дар Паём таъкид шуд, ки муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Паёми Президент ҳаёти ҷомеаро ба дигаргуниҳои куллӣ роҳнамоӣ менамояд ва дар асоси он давлату ҷомеаи навини тоҷикон рушду такомул меёбад.
Ҳадафи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз ҳаминро дар бар мегирад, ки мардум ба зиндагии арзанда ва шоиста бирасанд.
Эгамбердиев А.Ш., н.и.х., м.калон, мушовири академии факултети химияи ДМТ