ЭЪТИРОФИ ИХТИРОИ НАВБАТИИ УСТОДОНИ ДМТ

136

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтирооти худ дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби 2 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодони донишгоҳро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, 2 медали тилло ва 1 нуқраро дар соли 2024 дар самти илм дастоварди назаррас арзёбӣ намуд.

Форуми Ихтирокорони давлати Фаронса бузургтарин намоишгоҳи махсуси ихтироъ ва навоварӣ дар давлатҳои Аврупо буда, муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ ҳамасола дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар ҷаҳон муаррифӣ карда мешаванд. Форуми мазкур бо сарпарастии Ассотсиатсияи ихтироъкорони Лаҳистон (Полша) ва Президенти федератсияи ихтирокорони давлатҳои Аврупо дар байни 40 давлати ҷаҳон баргузор гардид.

Сарпарасти Форум Гюстав Эйфел навовару созанда ва шахсияти бузурги давраи саноатикунонӣ дар Аврупо мебошад, ки худи манораи бузурги Эйфел, ки дар ҷаҳон машҳур аст, аз ҷониби ин сарпараст тарроҳӣ шудааст.

Форуми онлайнӣ бо эълони расмӣ дар таърихи15-16 ноябри соли 2023 шуда гузашт. Ҳамаи ихтирооте, ки ба Форуми “При Эйфел” пешниҳод шуда буданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз намояндагони бузурги илм ва саноат созмон дода буданд, баҳогузорӣ карда шуданд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон3 ихтироот аз ҷониби устодони факултети химия ба Форуми мазкур пешниҳод гардида буд.

Баъд аз ҷамъбасти кори ҳайати ҳакамон натиҷаи кори устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин қадрдонӣ шуд:

ҚурбоноваМуқадас-н.и.х., дотсент, мудири кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ, сазовори медали тилло;

Ёрмамадова Саврибегим-н.и.х., дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ, сазоворимедали тилло;

Давлатшоева Ҷаҳонгул-н.и.х.. дотсент, мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ, сазовори медали нуқра.

Яъне устодони Донишгоҳ сазоври 2 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд.

Мувофиқи шарти озмун шахсоне, ки соҳиби ҷойҳоиифтихорӣ шудаанд аз 27 то 29 марти соли 2024 ба тамошои манораи “Эйфел” ва давлати Фаронса даъват шудаанд.

Номи ихтироотҳо: Истифодаи хӯлаҳои алюминийиAB1 дар соҳаи мошинсозӣ, Малбсинкати дорои хусусиятҳои зиддигелментӣ ва Усули муайян кардани пайвастагиҳои комплексии глитсинат дар системаи оҳан(II) – оҳан(III) ва константаи ҳосилшавии онҳо.