ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

322

Анъана ва ҷашну маросимҳои милли ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тоза истиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд: «зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушкили молии мардумро осон кард. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.

Ҳамин тариқ, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аст, Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад.

Мушовири академӣ дар шуъбаи рӯзонаи факултети химияи ДМТ Гулов А.А.

Раиси бахши занон ва духтарони факултети химияи ДМТ Бойназарова Қ.У.