ДАРСИ АМАЛӢ ДАР ҶСК “СЕМЕНТИ ТОҶИК”

144

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва ҳамкории факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҶСК “Сементи Тоҷик”, имрӯз (30.11.2023) дарси амалии фанни “технологияи истеҳсолоти моддаҳои ғайриорганикӣ” барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 480101-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот ва ихтисоси 54010300-усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот устоди дарсдиҳанда, аз кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултет Рузиев Б.Т. дар ҶСК “Сементи Тоҷик” баргузор гардид.

Донишҷӯён зимни боздид аз чандин равандҳои химиявӣ ва технологияии Корхонаи мазкур шинос шуданд, ки барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии андухтаашон мусоидат намуд.

Тибқи нақшаи кории Садорати факултети химия баргузории дарсҳои дигари амалӣ низ дар дигар муассиса ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст.