1-УМИ ДЕКАБР РӯЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

162

1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси норасоии масунияти одамро таҷлил менамояд (ВНМО). Мақсади ин рӯзро таҷлил гирифтан бори дигар ба аҳолии ҷаҳон расонидани маълумот оиди ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад. Шиори рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии Тандурустӣ соли 2015 пешниҳод шудааст «Вусъат бахшидани чораҳо барои решакан намудани ВНМО» мебошад. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) соли 2023 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 38 миллион расидааст. Тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба ВНМО сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар ба он сироят шуда, 20 миллион нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд ва ин хеле ташвишовар аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли 2017 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи татбиқи он қабул гардид. Барномаи мазкур ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар гирифта, дар давраи амали Барнома татбиқ гардиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемории вируси норасоии масунияти одам гирифтор мекунанд, татбиқи ҷавобюгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Барои сари вақт огоҳ шудан аз ин беморӣ ва пешгирии сирояткунӣ ба наздикон ҳар як шахс бояд ҳадди ақал дар як сол як маротиба аз ташхис гузарад. Худ ва дигаронро аз бемории вируси норасоии масунияти одам эмин нигоҳ доред. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешаванд, аз ҷумла ҷамъомадҳо, вохӯриҳо бо мутахассисон, маълумотҳо тавассути васоити ахбори умум, ҳафтаи тестгузаронӣ (санҷиши тестӣ барои муайян намудани сироятнокӣ) ва ғайра.

ВНМО бо се роҳи асосӣ мегузарад:

Роҳи якум: Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, яъне ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд.

Роҳи дуюм: Аз хун ба хун, яъне аз хуни шахси бемор шахси солим ҳангоми гузаронидани хун, истифодабарии асбобҳои ҷарроҳии бо хуни бемори ВНМО олудашуда, ки аз рӯи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ безарар гардонида нашудаанд, аз тариқи сӯзандоруҳо дар байни нашъамандони тазриқӣ, истифодаи сӯзанҳои оддӣ, асбобҳои халандаю буранда дар шароити хона ё кошонаҳои ҳусн шахс метавонад гирифтори ин беморӣ гардад.

Роҳи сеюм: Аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва бо воситаи шири модар.

Роҳҳои пешгирӣ чунинанд:

 Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони ношиносу тасодуфӣ, ки метавонанд гирифтори ВНМО бошанд, истифода аз маводҳои пешгирикунанда (рифола);

 Танҳо як шарики ҷинсӣ доштан ва ба ҳамсари худ вафодор будан;

 Шахсоне, ки ҳаёти ҷинсии бетартибона мебаранд, бо худ ҳамеша бояд рифола дошта бошанд;

 Дасткашӣ намудан аз истифодаи маводҳои мухаддир, хусусан бо роҳи тазриқӣ;

 Истеъмоли маводҳои мухаддир бидуни роҳи тазриқӣ ё муроҷиат кардан ба марказҳои наркологӣ барои табобат аз нашъамандӣ ё гирифтани табобати ивазкунандаи опиоидӣ;

 Истифодаи сӯзандоруҳо, асбобҳои бурандаю халандаи тиббӣ ва ғайритиббии (дар муассисаҳои тиббӣ, кошонаҳои ҳусн, утоқҳои стоматологӣ, дар шароити хона) яккарата ва безараргардонидашуда;

 Ҳангоми расмкашӣ дар бадан, гӯшсурохкунӣ ва ғайра истифода бурдани асбобҳои яккарата ва безараргардонидашуда;

 Истифодабарии теғ барои риштарошӣ ва чуткаи дандоншӯии шахсӣ;

 Пеш аз банақшагирии ҳомиладорӣ ва дар давраи ҳомиладорӣ аз ташхиси ВНМО гузаштан;

 Ташхис, дарёфт ва табобати саривақтии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла ВНМО;

 Агар шахс эҳтимолияти сироятёбии ВНМО дошт бошад, баъди 3 моҳ бояд аз ташхиси ВНМО гузарад;

 Агар шахс сироятёфтаи ВНМО бошад, бояд ба табобат пайравӣ намояд.

Бояд гуфт, ки дар самти пешгирӣ, ташхис, табобат ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бепоён мебошад. Бо мақсади пешгирии сирояти ВНМО бо роҳи аз модар ба кӯдак ва дарёфти саривақтии сироятёфтагони ВНМО ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 000 тестҳои ташхисӣ барои муоинаи занони ҳомила ва шахсони никоҳшаванда харидорӣ мешавад ва кӯдакони аз модарони сироятёфтаи ВНМО таваллудшуда бо шири сунъӣ таъмин карда мешаванд.

Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ нисбати ВНМО бо тариқи васоити ахбори омма, дар ҷойҳои серодами шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021-ро, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 буда, он ба таври зайл маънидод мегардад:

 90% сироятёфтагон то соли 2020 нисбати бемории худ огоҳӣ доранд;

 90% сироятёфтагон, ки нисбати бемории худ огоҳӣ доранд, табобати зиддиретровирусӣ мегиранд;

 дар 90% сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад.

Мирзохонов Д.Ч., ассистенти кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ