ТАМОЮЛИ РУШД ДАР КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

118

Имрӯз аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ҳисоботи корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултети химия дар соли 2023 қабул карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳисоботи мазкур дар ҷаласаи шурои олимони факултет бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дотсент Мирзозода Ф. мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифта, қаноатбахш ҳисобида шуд. Қайд карда шуд, ки тамоюли рушд дар нишондиҳандаҳои ҳисобот хеле хуб эҳсос мешавад, ин аз рушди илм дар факултети химия дарак медиҳад.

НУКТАҲОИ АСОСӢ:

– Шумораи умумии омўзгорон 66 нафар буда, аз ин миқдор, 2 нафар академикҳои соҳавӣ, 10 нафар докторони илм, 44 нафар номзади илм (82 фоиз унвондор) ва 12 нафар беунвон (5 нафар ҳимояи бетасдиқ).

– Айни ҳол дар кафедраҳои факултет 9 нафар докторант, 15 нафар унвонҷўй, 14 нафар докторанти РhD таҳқиќоти илмӣ мегузаронанд.

– Чопи китоби дарсӣ-3,

– Чопи воситаи таълимӣ-4,

– Чопи дастури методӣ-5,

– Чопи мақола-51 аз ин 18-то мақола дар хориҷи кишвар.

– Чопи мақола дар журналҳои Scopus-12.

– Чопи фишурдаи мақола-178, аз ин 19-то дар хориҷи кишвар.

– Патент-10.- Чопи монографияи илмӣ-3.

– Татбиқи корҳои илмӣ дар раванди таълим ва истеҳсолот-8.

– 1 озмоишгоҳи таълимӣ ба истифода дода шуд.

– 1 озмоишгоҳи илмӣ ба истифода дода шуд.

– Баргузории 2 конференсияи байналмилалӣ.

– Баргузории 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ.

– Баргузории 14 семинари илмӣ-методӣ.

– Баргузории Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия.

– Ишғоли ҷойҳои 1, 3 ва ифтихорӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”- Ишғоли ҷойи якум дар 2 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ.

– Ишғоли 4 ҷойи 2-юм дар озмунҳои байналмилалӣ.

– Ишғоли ҷойҳои 1,2 ва 3-юм дар олимпиадаҳои байналмилӣ.

– Гузаштани 5 нафар устодони факултет аз курси такмили ихтисос дар хориҷи кишвар.

– Ҳимоя ва гирифтани тасдиқи 13 нафар устод ва муҳаққиқи факултет.ва ғайра.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ