Яке аз санаҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ барои халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз ин баргузории Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонаст, ки дар саҳифаи таърихи кули мардуми шарифи тоҷик нақши муҳим ва босазо дорад.
Мондагортарин санаи таърихии кишвар аз 16 –уми ноябр то 2 –юмидекабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба вуқуъ пайваст, ки ин Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, машъали сулҳу суббот ва поёни бесарусомониҳо, инчунин умеде барои зиндагии беҳтар дар қалби ҳар шахси ватандӯст эҳё намуд. Воқеан ин Иҷлосия дар ҳифзи давлатдорӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Зеро давлати Тоҷикистон ва халқи тоҷик он замон давраи ҳассоси ҷамъиятию сиёсиро ба сар мебурд ва ин Иҷлосия буд, ки равшаниеро барои фардо дар он лаҳза инъикос намуд.
Ҳадаф аз баргузорӣ ва вохурӣ бо нерӯҳои халқӣ, ин барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон буд. Инчунин як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳими он давра дар ин санаи тақдирсоз ҳаллу фасл ва баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои муҳими Иҷлосия хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории миллат ва давлати тоҷик буд.
Муҳимтарину ногузиртарин лаҳзаи Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъият ва шуҷоати беҳамто аввалин суханонашонро ба самъи халқ расонданд, ки чунин буд: « Ман ба шумо сулҳ меорам ».
Дар воқеъ, ин суханҳо буд, ки асоси сулҳоварӣ ва таҳкими суботу амнияти маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт ва зербунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ маҳсуб мешуд. Ин гуфтор чун шуълаи дурахшоне ба дили мардум роҳёфт, ки самарааш пирузӣ буд.
Натиҷаи Иҷлосияе ки таҳти сарварии Президенти мамлакат ҳукумате таъсис ёфт, назаррасу пурарзиш буд, зеро дар мудати хеле кутоҳ бо ташаббусу азхудгузаштанҳои Пешвои миллат, оташи ҷанги дохилӣ хомӯш гашта, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор карда шуд ва аксарияти гурезагонва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан бозгардонида шуданд. Ғайр аз ин, дар ин муддат Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадҳо таъсис дода шуд, ки барои пойбарҷо намудани сулҳу оромӣ нақши калидӣ дошт. Ин ҳама ҷоннисориҳои Сарвари давлат буд, ки дар фазои Тоҷикистони биҳиштосо сулҳ парафшон гаштаву оромиву осоиштагӣ кунҷи хонаи ҳар яке аз халқи тоҷик мизбон шудааст.
Дар ҳошияи ҳамаи ин гуфтаҳо суханҳои гуҳарбори дигаре, ки аз забони Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари баланди ин Иҷлосия садо дод, ин буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳравона карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Яқинан ин суханҳо аз дил баромадаву ба дилҳои дигар роҳ ёфт. Зеро замон нишон дод, ки Ҷаноби олӣ воқеан барои пешрафти Ватани азизамон ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳо ва кушишу талоши беохир варзиданд, то дар диёрамон сулҳу салоҳ пойбарҷову халқи бошарафи тоҷик дар амну амон умр ба сар бибарад. Подоши ин ҳама фидокориҳо, оромиву осоиштагии Ватани азизамон гардид, ки ҳар яки мо аз ин хушҳолу саодатмандем.
Аслонов Азимҷон, докторнати PhD-и кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ