ДАР БОРАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

435

Муҳимияти ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумии ҳамондавра Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Пас аз ин Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфтаву сулҳу суботи сартосари арзони гардид ва он рӯ ба рушд ниҳод, ки заҳматҳои фарзонафарзанди ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррасанд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони навин рӯ сӯи пешравӣ ниҳодаву устуворона дар ҳоли тараққист.

Дар ҳама гушаҳои ҷаҳон, хоҳ Амрикову Африқо ва ё Аврупову Осиё бо шаклҳои гуногун рӯзи шахсияти аввали сиёсии кишвар ба таври гуногун таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ҳамчун ид дар штати Вирҷинаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1782 ба таври оммавӣ ба ифтихори Ҷорҷ Вашингтон – қаҳрамони ҷанг барои истиқлолият ва президенти якуми ИМА, ки ба муносибати рӯзи таваллудаш (22.02.1732) буд, таҷлил карда шуд. Соли 1855 бошад ин ҷашн ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд. Дар кишварҳои дигар аз қабили Исландия, Британияи Кабир, Ҳолландия, Қазоқистон ва ғайра ин гуна ҷашн бо шаклҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Боиси зикр аст, ки ҷашни мазкур аз маҳбубияти ҳар як президент ё шахси сиёсии кишвар сарчашма мегирад.

Ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои Миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ӯ муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳӣ душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳи намуда ҳамчун шахсияти дорои асолати миллӣ дошта эътироф намуд. Аз ин рӯ дар ҷумҳурии мо низ мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда рӯ ба тараққӣ дар самтҳои гуногун намуд. Ин аст, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ самимона шодбош мегӯям. Худо кунад, ки ба бахти мо ҷавонон сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояӣ Президенти маҳбуби кишварамон – Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.

Самадов А.С., устоди кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ