ОҚИБАТ ВА ЗАРАРИ ПЛАСТМАССАҲО

269

Пластмассаҳо маводи органикӣ мебошанд, ки ҳангоми гармкунӣ нарм шуда, дар зери фишор шакли муайяни устувор мегиранд.

Пластмасса асосан аз қатрон, инчунин пуркунанда, пластификатор, стабилизатор, ранг ва дигар иловаҳо иборат аст, ки хосиятҳои технологӣ ва истифодаи онро беҳтар мекунанд. Хосияти полимерҳоро вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногун бо ёрии ҷузъҳои гуногуни пластикӣ хеле беҳтар ва тағйир додан мумкин аст.

Вобаста аз рафтори ҷузъи асосӣ пластмассаҳо ҳангоми гармкунӣ ба чунин гуруҳҳо тақсим мешаванд:

Пластмассаҳои термореактивӣ ҳангоми то ҳарорати муайян гарм кардан нарм ва қисман гудохта мешаванд, баъд дар натичаи реаксияҳои химиявӣ ба ҳолати сахт, гудохтанашаванда ва халнашаванда табдил меёбанд. Баъди гарм кардан ин гуна пластмассаҳоро дигар истифода бурдан мумкин нест, онҳо тамоми хосиятхои аввалаи физикию химиявии худро гум мекунанд;

Пластмассаҳои термопластикӣ, ки ҳангоми гарм кардан мулоим ё гудохта шуда, ҳангоми хунук шудан сахт мешаванд. Баъди гарм кардан ин гуна пластмассаҳоро такроран истифода бурдан мумкин аст, вале хосиятҳои физикию химиявии онҳо то андозае тағйир меёбанд.

Пластмассаҳо дорои хосиятҳои фоиданок ва зарарнок мебошанд.

Аз як тараф, одамон метавонанд бе пластмассаҳо бо истифода аз моддаҳои табиӣ зиндагӣ кунанд, аммо чӣ хеле ки мо медонем моддаҳои табиӣ талаботи инсониятро пурра қонеъ гардонида наметавонанд, чунки агар мо ҳама маводи табииро истифода барем, он гоҳ онҳо нест мешавад. Бо шарофати истеҳсол шудани пластмассаҳо истифодаи онҳо дар ҳама ҷо – саноат, хоҷагии қишлоқ, хона, коргоҳ ногузир шуд ва имрӯз инсоният онро рад карда наметавонад. Аммо барои саломатии худ мо бояд ченаки истифодаи пластмассаҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ донем. Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки шаҳру деҳаҳо, канори роҳҳо, дарёҳо, кулҳо, баҳрҳо, уқёнусҳо аз пластмассаҳо хеле ифлос шудаанд, ва албатта барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф хеле ташвишовар аст. Инсоният ба пластмасса чунон одат кардааст, ки он аллакай бо металл, чӯб ва дигар мавод баробар шудааст. Мо бидуни дудилагӣ ҳама чизеро, ки аз пластмасса сохта шудааст, истифода мебарем, аммо ба ҳар ҳол мо бояд дар хотир дошта бошем, ки мо худ ва ҳаёти худро хароб мекунем. Мо ба табиат ва муҳити зист бо воситаи партовҳои полимерҳои синтетикӣ ва пластмасса, истифодаи технологияи коркарди онҳо ва аз ҳама муҳимаш надонистани маданияти идоракунии муҳити зист пайваста фишор меорем. Ҳамаи ин омили асосии аз байн бурдани пластмассаҳо ва истеҳсолу истифодаи биополимерҳо мебошад. Биополимерҳо аз маводи табиӣ ҳосил шуда, ба табиат, муҳити зист ва хусусан ба ҳаёти инсоният зарар намерасонанд. Аз ин лиҳоз ба истеҳсол ва истифодаи биополимерҳо диққати ҷиддӣ додан лозим аст.

Истеҳсолкунандагон бояд хосиятҳои мусбӣ, усулҳои коркард ва сатҳи комилан нави рушди биополимерҳоро бояд нишон диҳанд, ки ин барои паҳн кардан ва истифодаи онҳо дар тамоми чаҳон шароити мусоид фароҳам меорад. Биополимерҳо дар асоси моносахаридҳо, крахмал, селлюлоза, лигнин ва равғанҳои растанӣ ҳосил мешаванд. Яке аз хосияҳои муҳими биополимерҳо он аст, ки дар давраи ҳаёташон (аз истеҳсол то пӯсидан) нисбат ба пластмассаҳо хеле камтар гази оксиди карбон ҳосил мешавад.

Бибобар ин минбаъд ба ҷои пластмассаҳо истифодаи биополимерҳо ба мақсад мувофиқ буда, зарар ва оқибатҳои пластмассаҳоро бартараф мекунад.

Чӣ тавре ки қайд кардем пластмассаҳо ба муҳити зист, ҳаёти одамон, ҳайвонот ва растаниҳо зарари калон мерасонанд.

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон кӯшиш карда истодаанд, ки барои солимии одамон, ҳайвонот ва сабзишу инкишофи дурусти растаниҳо аз истифодаи пластмассаҳо даст кашанд.

Ифлосшавии пластикӣ дар ҳама шаклҳо барои табиат ва организмҳои зинда зараровар аст. Аввалан, аз он моддаҳои заҳролуд хориҷ шуда, боиси марги наботот ва ҳайвоноти рӯйи замин ва ҳам ҳайвоноти обӣ гашта, сабаби пайдоиши бемориҳои зиёди одамон мегардад. Дуюм, партовҳои пластикӣ дар фазо павоз карда, тамоми экосистемаҳоро, бахусус назди дарёҳо ва уқёнусҳоро нобуд мекунанд. Сеюм, истеҳсоли пластмасса низ зараровар аст, чунки барои он моддаҳои гуногуни заҳролуд ва хавфнок истифода мешаванд.

Сарфи назар аз хогсиятҳои дар боло тавсифшуда, танҳо фоизи ками маҳсулоти пластикӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд.

Ҳамзамон, корҳо дар соҳаи коркарди партовҳо, аз ҷумла пластмассаҳо фаъолона идома доранд, дар саросари ҷаҳон корхонаҳое кушода мешаванд, ки бо ин тиҷорат машғуланд. Пластмассаҳо вобаста аз таркибашон бисёр моддаҳои гуногуни химиявӣ доранд, ки ин сабаби мушкилоти истифодаи онҳо мегардад. Баъзе моддаҳои химиявии таркиби пластмассаҳо тавассути пӯсти бадан ҷабида шуда, хатари ба организм ворид шудан доранд. Дар айни замон одамон аз зарари ҷисмонӣ маълумоти зиёде надоранд. Баъзе моддаҳои химиявӣ, ки дар истеҳсоли пластмасса истифода мешаванд, метавонанд боиси ҷароҳати пӯст шаванд. Ифлосшавии пластикӣ (Ҷамъшавии маҳсулоти пластикӣ) инчунин метавонад ба дарди чашм оварда расонад. Ҳодисаҳои заҳролудшавии кӯдаконе, ки бо бозичаҳои аз маводи заҳролуд сохташуда бозӣ мекарданд, мушоҳида мешавад. Инчунин маълум аст, ки истифодаи такрории зарфҳои якдафъаина, шишаҳои пластикӣ метавонад боиси саратон гардад. Зарфҳо ва маводи пластикӣ дар ҳавои гарм манбаи на танҳо бӯи нохуш, балки дуди заҳролуд низ мебошанд. Дар маҷмӯъ пластмассаҳо одамонро ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад.

Таъсири манфии пластмассаро ба одамон аз ҳад зиёд баҳо додан шарт нест, аммо истифодаи оқилона ва масъулиятноки захираҳои онҳоро ба ҳамагон фаҳмонидан зарур аст.

Пластмассаҳо метавонад ҳайвонотро заҳролуд кунад, ки дар навбати худ метавонад ба таъминоти ғизои инсон таъсири манфӣ расонанд. Ифлосшавии пластикӣ ҳамчун таъсири хеле зараровар ба ширхӯрони калони баҳрӣ тавсиф шуда “бузургтарин таҳдид” барои онҳо номида шудааст. Ширхӯрони баҳрӣ баъзан ба ашёи пластикӣ, аз қабили тӯр печида мешаванд, ки метавонанд ба онҳо зарар расонанд ё бикушанд.

Аксар вақт истеъмолкунандагон навъҳои гуногуни маҳсулоти пластикиро як маротиба истифода мебаранд ва сипас онҳоро мепартоянд ё иваз мекунанд, ки ин дар табиат муддати зиёд боқӣ монда ба муҳити атроф зарар мерасонад. Хоки микропластикӣ дар натичаи пароканда шудани пластмассаҳо ба атроф пароканда ё ба қубурҳои об меафтад ва ба киштзорҳои хочагии кишлок рафта, ба баҳрҳо мерасад. Микрозаррачаҳо ба масофаҳои калон интиқол шуда, материкҳо ва уқёнусҳоро убур мекунанд.

Ифлосшавии пластикӣ дар муҳити зист ба олами ҳайвонот, муҳити зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва одамон таъсири манфӣ мерасонад.

Миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ворид мешаванд; масалан, тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар бадани 90% паррандаҳои баҳрӣ партовҳои пластикӣ мавҷуд аст. Намудҳо ва шаклҳои зиёди ифлосшавии пластикӣ мавҷуданд. Ифлосшавии пластикӣ ба сатҳи замин, роҳҳои обӣ ва уқёнусҳо таъсири манфӣ мерасонад. Паҳншавии ифлосшавии пластикӣ бо нархи паст ва сатҳи устувории пластмасса, инчунин зарур будани ин мавод дар айни замон дар баъзе минтақаҳо алоқаманд аст, ки сатҳи баланди истифодаи онро аз ҷониби одамон муайян мекунад. То соли 2018 ҳамасола дар саросари ҷаҳон тақрибан 380 миллион тонна маҳсулоти пластикӣ истеҳсол мешуд. Дар маҷмӯъ, аз соли 1950 то соли 2018 тақрибан 6,3 миллиард тонна пластмасса истеҳсол карда шуд, ки тақрибан 9% он дубора коркард ва 12% сӯзонда шуданд. Боқимонда дар муҳити зист мемонад. “Анбор”-и асосии партовҳои пластикӣ Уқёнуси Ҷаҳонӣ аст – дар уқёнусҳои Атлантик, Уқёнуси Ором ва Ҳинд ҷазираҳои партовҳо мавҷуданд.

Ифлосшавии пластикии муҳити зист на танҳо ба шароити табиӣ таъсири манфӣ мерасонад, балки ба иқтисодиёт низ зарар мерасонад. Аз ин сабаб аксар кишварҳо (зиёда аз 60 мамлакат) истеҳсоли маҳсулоти пластикиро маҳдуд карданд. Дар соли 2018 Зеландияи Нав барои манъи халтаҳои пластикӣ имзо гузошт. Аз соли 2021 дар саросари Аврупо истеҳсол ва истифодаи пиёла, табақ ва косаҳои якдафъаина манъ карда шуданд. Шарқ инчунин аз мушкилоти партовҳои пластикӣ нигарон аст – Дар Ҳиндустон, Корея, Шри-Ланка қонунҳо фаъолона қабул карда мешаванд, ки гардиши зарфҳои якдафъаинаро маҳдуд мекунанд. Ба ҳисоби миёна, давраи таҷзияи пластмассаҳо аз 80 то 600 солро ташкил медиҳад. Илова бар ин онҳо муддати тӯлонӣ пӯсида, пайвастаҳои заҳролуд хориҷ мекунанд, ки ба муҳити зист паҳн мешаванд.

Дар баробари ин пластмассаҳо аҳамияти калон низ дошта дар тиб васеъ истифода мешаваннд. Вобаста ба хусусиятҳои хуби физикию механикӣ онҳоро барои ҷарроҳии реконструктивӣ, протезсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ истифода мебаранд. Пластмассаҳо барои сохтани қисмҳои дастгоҳҳо ва асбобҳои тиббӣ, системаҳои хунгузаронӣ, сӯзандоруҳо, асбобҳои нигоҳубини беморон, таҷҳизоти лабораторӣ, бастаҳо, қубурҳо, зондҳо, бастаҳои доруворӣ, чаҳорчӯба, линзаҳо ва дигар соҳаҳо истифода мешаванд.

Мудири кафедраи химияи органикӣ, дотсент Қодиров М.З.