ТАЪРИХ ВА РУШДИ КОРХОНАИ КАЛОНТАРИНИ ХИМИЯВӢ – ҶСК “АЗОТ”

381

Замони муосирро бе химия ва дастовардҳои саноати химиявӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ба гуфти олими бузурги рус М.В. Ломоносов “химия ба корҳои инсон дасти ёрӣ дароз мекунад”.

Воқеан ҳам ба куҷое, нигарем пеши назар комёбиҳои химия ҷилвагар ҳаст. Соҳаҳои саноати химиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ карда истодааст. Умуман мо агар ба таърихи рушди саноати химиявӣ дар Тоҷикистон назар афканем, он асосан ба солҳои 50-уми асри гузашта рост меояд.

Тибқи таҳлили коршиносон давраи тараққиёти нисбии иқтисодӣ дар мамлакати шӯравӣ, аз он ҷумла дар ҶШС Тоҷикистон ба солҳои 50-60-уми асри гузашта рост меояд. Дар нақшаҳои стратегии тараққиёти хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон асосан соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва саноати сабук дар назар гирифта шуда буданд. Яке аз объектҳои калонтарине, ки баҳри пешрафти ин соҳаҳо пешбинӣ шуда буд, ин сохтмони заводи нуриҳои азотии Вахш буд. Роҳбарони аввали ҳизбию давлатии ҶШС Тоҷикистон тамоми неруи моддию техникӣ ва инсониро дар иҷрои вазифаҳои ҳар як панҷ соли навбатӣ асосан ба соҳаи кишоварзӣ равона месохтанд, чунки рушди ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон дар нақшаи ҳар як панҷ сола нишон дода мешуд. Вазифаи асосии марҳилаи панҷсолаи баъдиҷангӣ суръати тараққиёти баланди хоҷагии халқ, инкишоф додан ва барқарор кардани саноати пешазҷангӣ ба шумор мерафт. Танҳо дар солҳои 1959-1965 дар Тоҷикистон 125 адад корхонаҳои саноатӣ ва сехҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумлаи онҳо Заводи нуриҳои азотии Вахш мебошад. Корхонаи нуриҳои азотии Вахш бузургтарин корхонаи химиявии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Вазорати саноати химиявии Иттиҳоди Шӯравӣ фармоне таҳти № 616, аз 30 сентябри соли 1957 “Дар бораи сохтмони заводи нуриҳои азот дар ҶШС Тоҷикистон”-ро баровард. Моҳи декабри соли 1963 дар ҳудуди корхонаи нуриҳои азотии Вахш корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд. Шаби 20- 21 апрели соли 1967 аввалин сехи истеҳсоли метан ва оксиди карбон ба кор дароварда шуда, дар моҳи майи ҳамон сол истеҳсоли аммиак ҳам ба роҳ монда шуд. Моҳи июни ҳамон сол бошад, истеҳсоли карбамидро ба роҳ монданд. Ба кор андохтани заводи карбамид марҳилаи корҳои сохтмону васлкуниро ба анҷом расонд. 4 июли соли 1967 заводи нуриҳои азотии Вахш аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул карда шу два пурра фаъолияташро оғоз намуд.

Заводи нуриҳои азотии Вахш нахустин корхонаи бузурги химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ду хатти технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид фаъолияти худро оғоз кардааст. Аввалин корпуси электролизии ин завод моҳи марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар завод яке аз калонтарин сехҳои истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад.

Маҳсулоти завод аллакай аз соли 1977 ба давлатҳои Англия, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Олмон ва ғайра фиристода мешуд. Иқтидори солонаи завод 517 ҳазор тонна маҳсулот муайян шуда буд. Дар замони Шӯравӣ барои завод нуқтаи баландтарини истеҳсолот соли 1989 ба ҳисоб меравад. Завод бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ таҷҳизонида шуда буд ва шумораи кормандони он зиёда аз 12 ҳазору 200 нафарро ташкил медод. Завод дар асоси қувваи Нерӯгоҳи обии барқии Сарбанд кор мекард. Ба сифати ашёи техникӣ дар Заводи мазкур ҳаво ва гази табиии манбаи Қизил-Тумшуқ истифода мешуд. Завод чор сехи асосӣ дошт: сехи тақсимкунии ҳаво, ихроҷи метан ва оксиди карбон, синтези аммиак, синтези карбамид. Дар сехи тақсимкунӣ аз ҳаво нитроген ҳосил мекарданд, ки барои истеҳсоли аммиак муҳим буд. Таркиби ҳаво, ки аз рӯйи ҳаҷм 78% нитроген ва 21% оксиген дорад, бо усули ректификатсияи ҳавои моеъ ва дар ҳарорати фарқкунандаи ҷўшиши газҳои гуногун, ки ба таркиби он дохил мешаванд, ба роҳ монда шуда, дар сехи конверсияи метан ва оксиди карбон гидроген, инчунин барои синтези аммиак маводи зарурӣ ҳосил мекунанд. Дар сехи синтез раванди синтези аммиак ҳангоми ҳарорати 400—450°С ва фишори 300 атмосфера дар иштироки катализаторҳои оҳанӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар сехе, ки карбамид истеҳсол мекунанд, синтези карбамидро аз аммиак ва оксиди карбон ҳангоми 180 — 190°С будани ҳарорат ва фишори 200 атмосфера мегузаронанд. Дар ҳудуди завод шуъбаи тозакунӣ ва полоиши обҳои саноатӣ ҷой дорад, ки дар ҷараёни истеҳсолот истифода мешаванд. Корхонаи мазкур аз ҷумлаи он корхонаҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар он обҳои баргардонро пурра истифода мекунанд. Завод бо таҷҳизот ва технологияҳои ҳозиразамон ҷиҳозонидаю ҳамаи ҷараёнҳо автоматиконида шудаанд ва аз маркази идоракунии фосилавӣ идора карда мешаванд. Дар назди завод омӯзишгоҳи касбию-техникии Литсейи саноати химиявии шаҳри Леваканд мавҷуд аст, ки кадрҳои баландихтисос-кооператорҳо, лаборант-химик ва ғайра тайёр менамояд. Маҳсулоти асосии завод карбамид аст, ки на танҳо ба сифати нурии консентратии баланд, балки истеҳсоли пластмасса асбобҳои доруворӣ ва ғайра истифода мешавад. Завод ба миқдори кофӣ бо карбамид Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Туркманистонро таъмин мекард. Дар қатори карбамид завод аммиак, гази карбон, оксиген ва нитроген истеҳсол мекард. Аммиак дар соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии қишлоқ васеъ истифода мешавад. Истифодабарандаи асосии гази карбон саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти содда ба ҳисоб мераванд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бо мақсади боз ҳам хубтар қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни соҳаи кишоварзӣ дар Заводи нуриҳои азотии Вахш истеҳсоли нави аммиак ва ба воситаи селитраи аммиак аз нав кор кардани он пешбинӣ гардида буд. Дар дегҳо-утилизаторҳо газ такроран барои истеҳсоли гармӣ истифода мешуд. Чунин ҳолат барои дар соли 1985 сарфа намудани 75 ҳазор тонна ва дар соли 1990 сарфа намудани 100 ҳазор тонна сӯзишвории шартӣ имконияти мусоид фароҳам овард.

Баҳри сарфа намудани сӯзишворӣ дар корхона тамоми имкониятҳо истифода мегаштанд.

Моҳи майи соли 1971 шуъбаи гази моеи карбон ба кор дароварда шуд. Нақшаи истеҳсоли карбамид аз 118700 тонна ба 118764 тонна бароварда шуд. Нақшаи истеҳсоли аммиак аз 86700 тонна ба 88899 тонна аммиак истеҳсол карда шуд. Соли 1972, аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ дар 9 моҳ, завод ба яке аз корхонаҳои даромадноки ИҶШС табдил ёфт. Дар мусобиқоти сотсиалистии иттифоқҳои касаба барои семоҳаи IV бо пешниҳоди Байрақи Сурхи Вазорати саноати химияви Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи аввалро ба даст овард. Соли 1973 завод дар байни корхонаҳои Вазорати саноати химияви ИҶШС ҷои 2- юмро ба даст оварда, фоидаи завод 2,5 миллион сўмро ташкил дод. Дар самти сарфаи энергияи гармӣ чораҳои зиёде андешида шуданд, дар натиҷа дар семоҳаи дувум корхона ба ҷойи аввал, Байрақи Сурх ва мукофоти пулӣ, 180 корманд бо нишони «Ғолиби мусобиқа» сарфароз гардонида шуданд. Соли 1973 як коргоҳи истеҳсоли капралон ба кор дароварда шуд. Дурнамо оид ба истеҳсоли аммиак 98000 тонна, вале 103434 тонна аммиак истеҳсол карда мешуд. Дар давраи соли 1977, завод се маротиба дар мусобиқаҳои иттифоқи ҷойи сеюм ва дар семоҳаи 4 – ҷойи 2-юмро ишғол кард. Солҳои 1991-1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Мутахассисони соҳибтахассус, немисҳо, тоторҳо Тоҷикистонро тарк карданд. Сабабҳои асосии коҳишёбии истеҳсолот бесуботии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ буд. Дар асоси қарори коллегияи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амволи давлатӣ таҳти № 184, аз 22. 09. 1999 сол Заводи нуриҳои Азотии Вахш ба (АООТ) ҶСШК “Азот” иваз карда шуд.

Савол дар бораи ба кор даровардани корхона буд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 560, аз 18.12.2001 сол дар заминаи ҶСШК “Азот”, корхонаи муштараки Тоҷикистон – Кипр “Тоҷик Азот” ташкил гардид. Корхонаи мазкур бо дастгоҳҳои муосири системаи идораи автоматикунонии протсессҳои технологӣ (АСУ ТП) таҷҳизонида шуд ва хатҳои технологии корхона бо дараҷаи баланди автоматикунонӣ афзалият доштанд. Аз сабаби бетаҷрибагии коргарон, дегҳо аксар вақт корношоям мешуданд ва дар соли 2002 бо сабаби нарасидани қубурҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва маблағ, дегхона ба металлҳои шикастапора табдил ёфт. Дар соли 2003, пас аз он ки корхона ба ҶСП Ҷамъияти саҳомии «Тоҷик Азот» табдил ёфт, онҳо дегхонаҳоро аз нав сохтанд, ҳамаи қисмҳои асосии дегхонаҳо, аз ҷумла иншооти металлиро аз нав иваз карданд. Пас аз ба кор даровардани дегҳо, истеҳсоли буғ дар як рӯз 50 тонна оғоз ёфт.

Соли 2005 дегҳо ба АСS ТР интиқол дода шуданд. Соли 2011, дегхонаҳо дар ҳолати хуб буданд, танҳо гази табиӣ лозим буд. Аз 3.09.2016 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Хитой ва ширкати “Хэнан Чжун-Я”, оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар заминаи ҶСК “Азот” ба имзо расонида шуд. Баъди ба имзо расидани созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Хитой ва ширкати “Хэнан Чжун-Я” гурӯҳи холдингӣ”-и Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид директори генералӣ Ван Янся ва муовинони директори генералӣ Назарзода Ёрмаҳмад Саид ва Раҳмонов Файзиддин Насруллоевич сарварии корхонаро ба уҳда доштанд. Комёбиҳои бадастомадаи соҳаи химия дар солҳои охир, аниқтараш дар даврони соҳибистиқлолӣ, назаррас буда, истеҳсоли молҳои саноати химия дар ҷумҳурии мо сол аз сол меафзояд, сол то сол теъдоди кормандони муҳандисию техникӣ меафзояд. Талабот ва эҳтиёҷоти зиёди кишоварзон ба маҳсулоти корхонаҳои химиявӣ бараъло мушоҳида мегардад. Аз маълумотҳои дар боло нишондодашуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки корхонаи нуриҳои азотии Вахш дорои иқтидори калони истеҳсолӣ дар даврони Шӯравӣ бурдааст. Барқарор сохтани он барои таъмини вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат мусоидат менамояд.

25 апрели соли 2023 дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, корхонаи мазкурро, пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони мамлакат, хоса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд. Масоҳати умумии иншооти бузурги саноатӣ 94,4 гектарро дар бар гирифта, он дорои биноҳои маъмурию муҳандисӣ, бахши мониторинги истеҳсолӣ, ки ба таври автоматӣ раванди истеҳсолотро назорат ва идора менамояд, коргоҳҳои аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ, асбобҳои ченкунӣ ва автоматика, таъмири дастгоҳҳои механикию барқӣ, хоҷагидорӣ, нақлиёт, анбор, озмоишгоҳи марказӣ, дастаи ҳарбии наҷотдиҳандаи газӣ, шуъбаҳои системаҳои автоматикунонӣ ва назорати механикӣ мебошад. Коргоҳҳои истеҳсолии корхона дар масоҳати 54,4 гектар ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад. Зимни шиносоии Роҳбари давлат бо ҷараёни фаъолияти корхонаи муосири саноатӣ масъулин иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад. Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.

Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, арзиши лоиҳавии он беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳҳои буғу обтаъминкунӣ, аммиак ва карбамид пурра бо низоми автоматикунонии системаҳои идоракунии раванди технологӣ бо истифода аз технологияи насли нави ширкати маъруфи ҷопонии Ёкогава электрик корпорейшн “YOKOGAVA Electric Corporation” навсозӣ гардида, дар таҷҳизоти системаҳои идоракунӣ Сентум ВП “Centum VP” ва Просаф РС “ProSafe RS” истифода шудааст. Асбобҳои назоратию ченкунӣ ва системаҳои муҳофизат аз ҳолатҳои садамавӣ низ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Сименс “Siemens”, Самсон “SAMSON”, Эмерсон “Emerson”, Метран “Metran” ва АББ “ABB” пурра иваз гардидаанд. Таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазсозии корхонаи бузурги химиявӣ дар шаҳри Левакант бо дастгоҳу технологияҳои насли нави кишварҳои рушдкардаи дунё, аз ҷумла Ҷопон, Франсия, Русия, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Сингапур, Малайзия, Италия, Ирландия, Эрон, Ҳиндустон, Беларус, Украина, Туркия, Полша, Қатар ва Чин дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, иқдоми муҳим дар роҳи боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ арзёбӣ мегардад.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ