РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

158

Дар доираи барномаи Форуми байналмилалӣ “Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир”, бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст, устодони Донишгоҳи миллӣ аз факултети химияи ДДТ дидан намуданд.

Факултети химияи Донишгоҳи давлатии Томск соли 1932 таъсис ёфтааст, ки аз рӯйи 6 ихтисос мутахассис (бакалавр, мутахассис ва магистр) омода мекунад:химия;химияи рақамӣ;усулҳои физикӣ ва химиявии таҳқиқи экспертизаи экологӣ ва криминалӣ;технологияи химиявии транслатсионӣ ва биотиббӣ;химияи бунёдӣ ва амалӣ.

Дар факултет барои таълими донишҷӯён ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 166 академик, профессор, дотсент ва омӯзгороу муҳандис-лаборант фаъолият мекунанд.

Факултет дорои пойгоҳи мустаҳкам ва муосири илмӣ-таҳқиқотӣ буда, аз он донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқон васеъ истифода мебаранд.