Муовини декан оид ба тарбия

Шоедарова Замира Азимшоевна 18-уми апрели соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2007) ва аспирантураи он (2011-2015). Номзади илмҳои химия (2018). Баъди хатми ДДМТ дар кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ ва кафедраи химияи ғайриорганикӣ фаъолият кардааст: лаборант (2007), муҳандиси дараҷаи дуюм (2009), корманди хурди илмии ИИТ-и ДДМТ (2011), ассистенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ (2014-2019), н.и.х., муаллими калони кафедраи зикршуда аз соли 2020, ҷонишини декан оид ба тарбия 2018 то инҷониб. Муаллифи зиёда аз 8 мақолаю 25 фишурдаи мақолаҳо мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар ба табъ расидаанд. Бо ифтихорномаҳои факултет ва ДМТ сарфароз гардонида шудааст.